Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳо: "Шарикони Трамп дурӯғи зиёд гуфтаанд"


Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Додситонҳои Амрико ҷузъиёти парвандаҳо ба зидди ду шарики Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро нашр карданд ва мегӯянд, ки онҳо дар бораи иртиботашон бо мақомоти Русия дурӯғ гуфтаанд.

Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот мумкин аст, Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Трамп ва Майкл Коен, вакили собиқи дифои ӯро ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кунанд.

Парвандаҳои навро додситонҳо рӯзи 7-уми декабр ба додгоҳ супурдаанд. Бо вуҷуди ин иттиҳомот ба зидди шариконаш Доналд Трамп рӯзи 7 -уми декабр бо нашри як баёния гуфт, ки “ҳеҷ чизе ба зидди ӯ пайдо накардаанд ва матбуот аз ҳеҷ чиз гузориш месозад”.

Айни замон Роберт Мюллер, додситони махсуси Амрико қазияи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии соли 2016 ва ҳамкории шарикони Трамп бо мақомоти Русияро таҳқиқ мекунад. Доналд Трамп иддаоҳо дар бораи чунин ҳамкориро рад кардааст, Русия ҳам гуфтааст, ба интихоботи Амрико ҳеҷ гуна дахолат накардааст.

XS
SM
MD
LG