Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Яман лағв шуд


Бозии дӯстонаи тимҳои миллии ду кишвар дар соли 2017
Бозии дӯстонаи тимҳои миллии ду кишвар дар соли 2017

Бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Яман, ки мебоист рӯзи якшанбеи 9-уми декабр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешуд, доир намегардад. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Ба итттилои ин манбаъ, сабаби лағви бозӣ ногаҳонӣ иваз шудани нақшаҳои омодагии дастаи мунтахаби Яман ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад. Тими милллии Яман, ки пеш аз ширкат дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар шаҳри Доҳа доир намудани якчанд бозиҳои дӯстонаро ба нақша гирифта буд, то ҳоло ба пойтахти Қатар наомадааст.

Ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Доҳа таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев то рӯзи 10-уми декабр идома меёбад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон 11-уми декабр аз Доҳа ба шаҳри Масқат сафар менамояд ва дар он ҷо рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр бо тими миллии Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сафари футболбозони тоҷик 20-уми декабр дар шаҳри Манама бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Бозиҳои дӯстона

13-уми декабр (панҷшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

16-уми декабр (якшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

20-уми декабр (панҷшанбе)

Баҳрайн Тоҷикистон

Манама, Баҳрайн

XS
SM
MD
LG