Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президенти Қазоқистон ҷоизаи давлатӣ гирифт


Алия Назарбоева
Алия Назарбоева

Ҳайати муаллифони филми "Роҳ ба сӯи модар", ки духтари хурдии президенти Қазоқистон Алия Назарбоева - яке аз онҳост, соҳиби ҷоизаи давлатӣ шуд.

Фармони Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар бораи тақдими ҷоизаи давлатии соли 2018 дар бахши адабиёт ва санъат имрӯз дар расонаҳои расмӣ нашр шуд.

Дар ҳайати муаллифони филм коргардон Ахан Сатаев, бозигарон Олтиной Ногербек ва Одил Ахметов ҳам шомиланд. Назарбоев ҳамзамон ба мудири пешини театри давлатии "Операи Остона" Толеубек Алпиев ва дигар ходимони театр, шоирон Акуштап Бахтигереев, Тиништикбек Абдикаримов ва Утеген Оралбоевро ҷоиза дод.

Моҳи сентябри соли 2017 дар маҷаллаи амрикоии Holywood Reporter мақолаи "Оскарҳо: Қазоқистон "Роҳ ба сӯи модар" дар бахши филмҳои хориҷӣ, нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG