Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён


Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки имрӯз, 7-уми декабр, дар шаҳри Нови-Сади Сербия шуруъ мешавад, варзишгарони тоҷик низ барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, мусобиқа ҳам миёни мардон ва ҳам миёни занон дар 9 вазн сурат мегирад.

Рӯзи аввали мусобиқа, 7-уми декабр, мардон дар панҷ вазн - 52 кг, 62 кг, 74 кг, 90 кг, + 100 кг ва занон низ дар панҷ вазн - 48 кг, 56 кг, 64 кг, 72 кг, +80 кг - рақобат мекунанд. Дар рӯзи дувуми мусобиқа, 8-уми декабр, мардон дар чор вазни боқимонда - 57 кг, 68 кг, 82 кг, - 100 кг ва занон низ дар чор вазни боқимонда - 52 кг, 60 кг, 68 кг, -80 кг – барои медалҳо мубориза мебаранд.

Довари Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён дар Сербия Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ду варзишгар - Разавӣ Навбаҳоров ва Шаҳром Шералов – намояндагӣ мекунанд. Разавӣ дар вазни зери 57 килограмм ва Шаҳром дар вазни зери 82 килограмм рӯзи шанбеи 8-уми декабр барои медал талош меварзанд.

“Инчунин паҳлавони навраси тоҷик - Шамшоди Шамсимаҳмад – низ хоҳиши дар ин мусобиқа ширкат карданро дорад, вале синаш як сол хурд аст. Агар ба ӯ иҷозат диҳанд, онгоҳ дар вазни зери 57 килограмм 8-уми декабр вориди рақобат мешавад”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Зимнан, Шамшоди Шамсимаҳмад дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон, ки рӯзҳои 4-5-уми декабр дар шаҳри Нови-Сади Сербия баргузор шуд, танҳо варзишгаре буд Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Ӯ дар вазни зери 55 килограмм аз даври дувум вориди рақобат шуд. Вале Шамшод аз рӯи имтиёзҳо қувваозмоиро ба Тсветомир Иванов аз Булғористон бохт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик ибтидои ин моҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ “Берлиниада – 2018”, ки дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар аз Арманистон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва дигар кишварҳо ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ се варзишгар намояндагӣ кард. Разавӣ Навбаҳоров дар рақобатҳо дар вазни зери 62 килограмм бо медали тилло сарфароз гашт. Шамшоди Шамсимаҳмад дар вазни зери 55 килограмм ва Шаҳром Шералов дар вазни зери 82 килограмм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG