Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

74 варзишгар барои дарёфти Ҷоизаи президент пешниҳод шуданд


74 варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар мавсими имсола дар Бозиҳои осиёӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ба гирифтани Ҷоизаи президенти Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи Комиссияи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки 5-уми декабр таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид, гирифта шуд.

Мутобиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Дар байни варзишгароне, ки ба дарёфти Ҷоизаи президент пешниҳод шудаанд, ҷоизадорони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия - Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов ҳастанд.

Ёдовар мешавем, дар ин бозиҳо Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар ин бозиҳо аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар риштаҳои ҷудо ва самбо дар вазни зери 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб гардиданд.

Дар асоси Низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба барандагони медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ 100000 сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 50000 сомонӣ супурда мешавад.

Хушқадам Хусравов имсол дар риштаи самбо қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Хушқадам Хусравов имсол дар риштаи самбо қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Инчунин барои дарёфти Ҷоизаи президенти Тоҷикистон Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ, Акмалиддин Каримов – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ, Сорбон Латифов – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ, Моҳрӯ Ҳалимова – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо WTF ва дигарон пешниҳод шудаанд.

Бояд гуфт, ки шумораи зиёди пешниҳодшудагонро варзишгарони ҷавон ташкил медиҳанд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон бо медалҳо сарфароз гаштаанд. Дар байни онҳо Бахтовар Ҳасанов (гуштии юнонию румӣ), Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов (ҳарду - бокс), Сулаймони Ҷамшед, Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарсе – ҷудо), Разавӣ Навбаҳоров (самбо) ва дигарон ҳастанд.

Зимнан, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё барандаи медалҳои нуқра гардид, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Вале имсол ягон нафар аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон медал ба даст наовардааст. Инчунин дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия ба варзишгарони тоҷик гирифтани медали тилло муяссар нашуд. Ҳамчунин дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бузургсолон дар намудҳои олимпӣ касе аз Тоҷикистон ба медалҳои тилло ва нуқра даст наёфтааст.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик.

Бояд тазаккур дод, Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9-уми январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо ба тасвиб расида буд.

Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти кишвар амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои осиёӣ муқаррар шудааст.

Бо маблағи аз ҳама бузург (300 ҳазор сомонӣ) қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров мукофотонида шудааст.

Ба ин тартиб, дар муддати се сол барои мукофотонидани 61 варзишгару мураббиёни онҳо бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст. Соли 2015 ба 21 нафар, соли 2016 ба 14 нафар ва соли 2017 ба 26 нафар ҷоиза тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG