Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон, ки 4-уми декабр дар шаҳри Нови-Сади Сербия шуруъ шуд, шаби имрӯз, 5-уми декабр, ба анҷом мерасад.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар толори “Спенс” баргузор шудааст, варзишгарони 15-16-сола (солҳои таваллудашон 2002-2003) аз 28 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Мусобиқа ҳам миёни писарон ва ҳам миёни духтарон дар даҳ вазн сурат гирифтааст. Рӯзи аввали мусобиқа, 4-уми декабр, писарон дар панҷ вазн - 42 кг, 50 кг, 60 кг, 72 кг, 84 кг ва духтарон низ дар панҷ вазн - 38 кг, 44 кг, 52 кг, 60 кг, 70 кг - рақобат карданд.
Дар сабқати писарон дар рӯзи аввал дар ҳамаи панҷ вазн варзишгарони Русия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд. Дар сабқати духтарон дар се вазн русиягиҳо ва дар ду вазни дигар беларусҳо ғолиб шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон, 4-уми декабр, шаҳри Нови-Сади Сербия
Писарон
42 кг
1. УСОЛТСЕВ Богдан (Русия)
2. КАЗНАЧЕЕВ Максим (Украина)
3. ЕРИК Нурдаулет (Қазоқистон)
3. КАЗАК Александр (Беларус)
50 кг
1. ШАМСУТДИНОВ Данир (Русия)
2. ШРАМКО Микола (Украина)
3. СТРАУСС Эдгарс (Латвия)
3. ҲОВАНИСЯН Нораир (Арманистон)
60 кг
1. ЛОБАНОВ Максим (Русия)
2. АМРИЯН Нарик (Aрманистон)
3. ЛАТИСЕВ Михаил (Mолдова)
3. ТСВЕТКОВ Тсветан (Булғористон)
72 кг
1. ОРЛОВ Даниил (Русия)
2. КУТСКО Эдуард (Беларус)
3. СИЕДЛОВ Алексей (Украина)
3. TАБАТАДЗЕ Паата (Гурҷистон)
84 кг
1. КАНАТЧИКОВ Александр (Русия)
2. ФЕДКО Иҳтиандру (Mолдова)
3. TCEKOВ Kрум (Булғористон)
3. АЛЛАХВЕРДИЕВ (Украина)
Духтарон
38 кг
1. БОБРОВА Даря (Русия)
2. ФЕДОРЧЕНКО Ярина (Украина)
3. КАХОБЕРАШВИЛИ Натия (Гурҷистон)
3. АРМАН Aружан (Қазоқистон)
44 кг
1. ЕМЕЛИУКОВА Софя (Русия)
2. СТРИҲУН Ангелина (Беларус)
3. ТРОНСИУ Виктория (Mолдова)
3. СИКИШ Анастасия (Украина)
52 кг
1. РЕВВА Юлия (Русия)
2. ПЛИШ Снижана (Украина)
3. МРДАЛҶ Лана (Сербия)
3. ПЕТКОВА Янитса (Булғористон)
60 кг
1. СЕМЯНЮК Дарина (Беларус)
2. ДРИҲ Олга (Украина)
3. АГАПОВА Татяна (Русия)
3. КОМИЛҶОНОВА Моҳигул (Узбекистон)
70 кг
1. СКВОРТСОВА Настасия (Беларус)
2. ГЕОРГИЕВА Красимира (Булғористон)
3. ИОНЕСКУ Лавиния (Руминия)
3. ПОСТНИКОВА Елизавета (Русия)
Имрӯз, 5-уми декабр, писарон дар панҷ вазни боқимонда - 46 кг, 55 кг, 66 кг, 78 кг, беш аз 84 кг ва духтарон низ дар панҷ вазни боқимонда - 41 кг, 48 кг, 56 кг, 65 кг, беш аз 70 кг вориди рақобат мешаванд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар шаҳри Нови-Сади Сербия танҳо як варзишгар – Шамшоди Шамсимаҳмад - намояндагӣ мекунад. Ӯ дар вазни зери 55 кило дар гурӯҳи “D” имрӯз, 5-уми декабр, аз даври дувум вориди рақобат мешавад. Рақибаш Тсветомир Иванов аз Булғористон мебошад. Дар ин вазн ҳамагӣ 18 гуштигири наврас барои медалҳо мубориза мебарад.
Ҳамчунин дар ин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба ҳайси ҳакам ширкат дорад.
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!