Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар бозии плей-оффи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2019 дар шаҳри Тошканд аз тими ҷавонони Афғонистон (U-20) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар маҳилаи ниҳоии мусобиқа маҳрум шуд.
Бозии плей-офф миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистону Тоҷикистон, ки мутаносибан дар гурӯҳҳои “А” ва “В” ҷойҳои дувумро гирифтанд, имрӯз, 4-уми декабр, дар шаҳри Тошканд, дар маҷмааи варзишии «Узбекистон», доир гардид. Голҳои мунтахаби Афғонистонро Саид Ҳусейн Мусавӣ (ду гол), Фарзод Маҳмудӣ ва Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ заданд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Рабиҷон Рабиев ба ҳадаф расонд.
Ба ин тартиб, аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё, ки соли оянда доир мегардад, тимҳои мунтахаби ҷавонони Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2019 дар гурӯҳи «В» дар шаҳри Тошканд 2-юми декабр аз тими ҷавонони Қирғизистон (U-20) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда, 3-юми декабр бар тими Узбекистон бо ҳисоби 7:2 ғолиб омада буд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» се даста – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – сеимтиёзӣ ба даст оварданд. Бар асоси дастури мусобиқа, ғолиби гурӯҳ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо муайян гардид. Мунтахаби Қирғизистон (таносуби тӯбҳо - 9-7) ҷойи аввалро касб намуд. Ҷойи дувумро мунтахаби Тоҷикистон (таносуби тӯбҳо – 8:8) соҳиб шуд. Мунтахаби Узбекистон (таносуби тӯбҳо - 8-10) дар гурӯҳ ҷойи охиринро ишғол кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)
Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Туркманистон.
Даври 1-ум
Туркманистон – Эрон – 3:6
Даври 2-юм
Афғонистон – Туркманистон – 5:0
Даври 3-юм
Эрон – Афғонистон – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Эрон |
2 |
2 |
0 |
0 |
10-5 |
6 |
2 |
Афғонистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
7-4 |
3 |
3 |
Туркманистон |
2 |
0 |
0 |
2 |
3-11 |
0 |
Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.
Даври 1-ум
Қирғизистон – Узбекистон – 3:6
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:6
Голи Тоҷикистон: Халид Сабуров.
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Сироҷиддин Ҳусайнов – Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Насим Шарипов.
Даври 3-юм
Узбекистон – Тоҷикистон – 2:7
Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммад Раҷабов (3 гол), Идрис Ёров (2 гол), Фаридун Неъматов, Халид Сабуров.
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Сироҷиддин Ҳусайнов – Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Насим Шарипов.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Қирғизистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
9-7 |
3 |
2 |
Тоҷикистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
8-8 |
3 |
3 |
Узбекистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
8-10 |
3 |
Плей-офф
4-уми декабр (сешанбе)
Афғонистон – Тоҷикистон – 4:1
Голҳо: Саид Ҳусейн Мусавӣ, 12 (1:0). Саид Ҳусейн Мусавӣ, 16 (2:0). Фарзод Маҳмудӣ, 29 (3:0). Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ, 35 (4:0). Рабиҷон Рабиев, 35 (4:1).
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Сироҷиддин Ҳусайнов – Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Халид Сабуров, Сомон Саидзода.
Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон». 100 тамошобин.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!
Барои чи махз зодагони Бадахшон ин кадар давлати Точикистонро ноадолат мегуянд,барои он ки мустакил шудан мехоханд!Хар як лидерчаву журналистча кушиш мекунад,ки вакте мустакиллият шуд,ягон вазифаи калонро сохиб шавад,ана барои хамин садо баланд мекунад!