Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Тошканд Узбекистонро шикаст дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар бозии дувуми худ дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Тошканд бар тими ҷавонони Узбекистон (U-20) бо ҳисоби бузурги 7:2 пирӯз шуд.

Ин бозии гурӯҳи «В» рӯзи душанбеи 3-юми декабр дар шаҳри Тошканд, дар маҷмааи варзишии «Узбекистон», доир гардид. Барои он ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шонси ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфтанро нигаҳ дорад, зарур буд, ки дар бозӣ муқобили Узбекистон бо таносуби панҷ тӯб ғолиб шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммад Раҷабов ба самар расонд. Идрис Ёров ду гол, Фаридун Неъматов ва Халид Сабуров якголӣ заданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии аввали худ дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «В» 2-юми декабр дар шаҳри Тошканд аз тими ҷавонони Қирғизистон (U-20) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» се даста – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – сеимтиёзӣ ба даст оварданд. Бар асоси дастури мусобиқа, ғолиби гурӯҳ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо муайян гардид. Мунтахаби Қирғизистон (таносуби тӯбҳо - 9-7) ҷойи аввалро касб намуд. Ҷойи дувумро мунтахаби Тоҷикистон (таносуби тӯбҳо – 8:8) соҳиб шуд. Мунтахаби Узбекистон (таносуби тӯбҳо - 8-10) дар гурӯҳ ҷойи охиринро ишғол кард ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар плей-офф, ки имрӯз, 4-уми декабр, дар маҷмааи варзишии “Узбекистон” соати 13:00 шуруъ мешавад, муқобили тими Афғонистон, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт, рақобат мекунад.

Ғолиби ин бозӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба футзал миёни дастаҳои ҷавонон, ки соли оянда баргузор мешавад, роҳхат мегирад. Ҳоло аз минтақаи Марказӣ мунтахаби Эрон (ғолиби гурӯҳи “А”) ва тими Қирғизистон (ғолиби гурӯҳи “В”) ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфтаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Туркманистон.

Даври 1-ум

Туркманистон – Эрон – 3:6

Даври 2-юм

Афғонистон – Туркманистон – 5:0

Даври 3-юм

Эрон – Афғонистон – 4:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

10-5

6

2

Афғонистон

2

1

0

1

7-4

3

3

Туркманистон

2

0

0

2

3-11

0

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Даври 1-ум

Қирғизистон – Узбекистон – 3:6

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:6

Голи Тоҷикистон: Халид Сабуров.

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Сироҷиддин Ҳусайнов – Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Насим Шарипов.

Даври 3-юм

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:7

Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммад Раҷабов (3), Идрис Ёров (2), Фаридун Неъматов, Халид Сабуров.

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Сироҷиддин Ҳусайнов – Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Насим Шарипов.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қирғизистон

2

1

0

1

9-7

3

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

8-8

3

3

Узбекистон

2

1

0

1

8-10

3

Плей-офф

4-уми декабр (сешанбе)

13:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG