Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов сармураббии "Истиқлол"-и Душанбе таъйин шуд


Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” бо ин мутахассиси 54-сола имрӯз, 3-юми декабр, дар дафтари бошгоҳ қарордод ба имзо расонд. Ҳаким Фузайлов рӯзҳои наздиктарин расман ба даста муаррифӣ мешавад ва ба вазифаи худ шуруъ мекунад.

Ба ӯ Алишер Тухтаев, ки то ин муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол” буд, кӯмак менамояд. Вазифаи мураббии дарвозабонҳо ба зиммаи Александр Кит гузошта шудааст.

"Дар назди Ҳаким Фузайлов дар ҳамаи мусобиқоте, ки қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон ширкат меварзад, вазифаҳои баландтарин гузошта шудааст", – гуфта мешавад дар сомонаи расмии бошгоҳи "Истиқлол".

"Талош мекунем, ки ба иҷрои ҳамаи вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ноил гардем. Мутмаинам, ки мо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо мебароем", - гуфтааст Фузайлов ба сомонаи расмии бошгоҳ баъди таъйин шудан ба ин вазифа.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) таваллуд шудааст. Қадами нахустини худро ба футболи ҳирфаӣ дар дастаи "Пахтакор"-и Қӯрғонтеппа гузоштааст. Аз соли 1986 то соли 1991 ҳимоятгари дастаи "Помир"-и Душанбе буд.

Соли 1992 ба тими "Локомотив"-и Маскав гузаштааст. Дар ҳайати “Локомотив” ӯ соли 1994 сазовори медали биринҷии чемпионати Русия гардидааст. Соли 1995 даъвати дастаи "Арсенал"-и Туларо пазируфта, зиёда аз ду сол дар лигаи дувуми Русия бозӣ кардааст. Ӯ капитани ин даста буд.

Ҳаким Фузайлов ба ҳайси мураббӣ соли 1990 бошгоҳи "Бухоро"-и Бухоро ва баъдан "Динамо"-и Самарқандро машқ додааст. Соли 2003 сармураббии дастаи "Андиҷон" ва баъди як сол мураббии "Титан"-и Русия шудааст. Аз соли 2005 дар дастаи "Локомотив"-и Калуга фаъолият кардааст.

Аз соли 2005 то 2010 дар «Локомотив»-и Маскав ба ҳайси мураббӣ-селексионер кор кардааст. Соли 2011 муовини мудири бошгоҳи «Ростов» ва моҳи январи соли 2012 ноиби президенти «Локомотив»-и Тошканд оид ба масоили селексионӣ буд. Моҳи майи ҳамон сол ба ситоди мураббиёни бошгоҳ дохил гардид ва баъдан сармураббии «Локомотив» таъйин шуд.

Сипас Фузайлов дар вазифаи мураббӣ-селексионер дар бошгоҳи «Терек»-и Грозний фаъолият дошт. Аввали моҳи январи соли 2016 ӯ муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Ӯ дорои муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҳаким Фузайлов пас аз бохти тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Манила ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, 27-уми марти имсол аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG