Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар бозии аввали худ дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Тошканд аз тими ҷавонони Қирғизистон (U-20) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.
Ин бозии гурӯҳи «В» рӯзи якшанбеи 2-юми декабр дар шаҳри Тошканд, дар маҷмааи варзишии «Узбекистон», баргузор шуд. Дар дастаи мунтахаби Қирғизистон Мирлан Жолдубоев ду гол, Маматзиё Жолдошов, Амондиқ уулу Денис, Азамат Долоткелдиев ва Дамир Исоқов якголӣ заданд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Халид Сабуров ба ҳадаф расонд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки дар Тошканд то 4-уми декабр идома мекунад, бозии дувумашро дар гурӯҳи «В» имрӯз, 3-юми декабр, бо тими Узбекистон анҷом медиҳад.
Ҳамакнун, барои он ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шонси ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфтанро нигаҳ дорад, зарур аст дар бозӣ муқобили Узбекистон бо таносуби панҷ тӯб ғолиб шавад. Дар даври аввал мунтахаби Узбекистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 6:3 шикаст додааст.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон, Эрон ва Туркманистон рақобат мекунанд. Тимҳои Афғонистону Эрон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Дар бозӣ мийни ҳурду даста имрӯз ғолиби гурӯҳ маълум мешавад.Вале дастаи Туркманистон имтиёз надорад.
Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)
Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.
Натоиҷи бозиҳо:
Даври 1-ум
1-уми декабр (шанбе)
Туркманистон – Эрон – 3:6
Қирғизистон – Узбекистон – 3:6
Даври 2-юм
2-юми декабр (якшанбе)
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:6
Афғонистон – Туркманистон – 5:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Афғонистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
Эрон |
1 |
1 |
0 |
0 |
6-3 |
3 |
3 |
Туркманистон |
2 |
0 |
0 |
2 |
3-11 |
0 |
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбекистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
6-3 |
3 |
2 |
Қирғизистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
9-7 |
3 |
3 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-6 |
0 |
Даври 3-юм
3-юми декабр (душанбе)
16:00 – Эрон – Афғонистон
19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Плей-офф
4-уми декабр (сешанбе)
18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»
Эзоҳ: бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Ofarin shoir, hamesha baythoyaton xondanibob va oliand!
Бигузор 15-20 соли хабс кунанд ин бадбахтонро. Холо наздикони ин шурбахто даьво доранд, ки касеро инхо накуштаанд инхо аз куштан бадтар мекунад агар дам назананд. чунин Як ходиса руй додан буд 2 сол пеш дар хизмат. Як Сарбозро аз дехаи Абдулободи Ш. Вахдат берахмона мезананд дар хизмат. Пояш мешиканад. Осеб дигар шифо наефт ва пои чавонро буриданд. Ин хам пеши захми бардоштаашро нагирифт. Худи дируз чавон мурд. Ду сол бечора азоб кашид.Имруз дар намози чанозааш иштирок кардем дар дехаи исроилобод. Пас аз намози чумьа. 24 сола чавон имруз аз зулми чунин бадбахто дунеи фониро тарк кард.
Инҳоро 10 соли суд кунад ба дигарон дарси ибрат шавад бигзор
Вакте ба як фыси бини факат ба хотири фарзани фалони быданыш рутбаи генерал метан ман холо хайроным ки чихел умуман ин артиш вучуд дорад...ин артиш не ин кормушкаи одамхурон аст...
Сабаб ДУЗДИ-и дуздон дар сари КУДРАТ аст...ана акнун фахмиди САБАБ чи хаст.