Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самбо ба Бозиҳои олимпӣ наздик шуд


Акс аз бойгонӣ

Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) муваққатан эътироф гардид. Ин тасмим рӯзи 30-юми ноябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО дар шаҳри Токиои Ҷопон гирифта шуд.

Дар ин бора номаи иттилоотию табрикотии президенти КБО Томас Бах 30-юми ноябр ба қароргоҳи Федератсиони байналмилалии самбо расидааст. Чунонки сомонаи расмии FIAS хабар додааст, эътирофи

муваққатӣ ба муҳлати се сол аз он шаҳодат медиҳад, ки FIAS ба арзишҳои Хартияи олимпӣ пайравӣ мекунад.

Эътирофи КБО ба самбо имкон медиҳад, ки дар оянда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил гардад, инчунин ҳамасола аз ҷониби КБО мабалағгузорӣ карда шавад. Президенти ФИАС Василий Шестакови русиягӣ дар сомонаи FIAS гуфтааст, “орзуи самбочиёни тамоми ҷаҳон ҷомаи амал пӯшид. Самбо ҳамчун намуди варзиш ба эътирофи муваққатии Кумитаи байналмилалии олимпӣ сазовор гашт. Ин хабари хуш дар соли ҷашни 80-солагии самбо моро хеле хушҳол кард.”

Бояд гуфт, ки самбо барои аз ҷониби КБО эътироф шудан роҳи тӯлониро тай намудааст. Дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Теҳрон соли 1973 ҳамагӣ варзишгарони 11 кишвар ширкат доштанд. Дар мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи намояндагони беш аз 90 кишвар аз панҷ қитъаи олам иштирок карданд.

Ҳоло самбо дар навъҳои мухталиф – варзишии занона, варзишии мардона, размӣ, соҳилӣ, намоишӣ – рушд меёбад ва дар ҳақиқат намуди варзиши мардумӣ гардида, амалан ба ҳар як одам дастрас аст.

Ситораҳои самбо, монади Фёдор Емеляненко ва Ҳабиб Нурмагомедов варзишгарони маҳбуби миллионҳо нафар одамон дар тамоми ҷаҳон гардидаанд.

“Имрӯз мо қадами бузург ва шояд аз ҳама душвор гузоштем. Вале дар пеш боз корҳои бисёр аст. Қадами оянда – гирифтани эътирофи доимии КБО ва баъдан дохил шудан ба барномаи Бозиҳои олимпӣ мебошад. Бовар дорем, ки мо аз уҳдаи ин кор мебароем”, - иброз доштааст Василий Шестаков.

Самбо, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон маъруфият пайдо карда буд, таърихи бою рангин дорад. Ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ хеле рушд кардааст.

Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба комёбиҳои бузург даст ёфтаанд. Чунончи, Саидмуъмин Раҳимов (вазни то 100 кг, соли 1975, Мински Беларус), Беҳрӯзи Хоҷазода (вазни то 74 кг, соли 2017, Сочии Русия) ва Хушқадам Хусравов (вазни то 62 кг, соли 2018, Бухарести Руминия) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Инчунин паҳлавонони тоҷик Сайриддин Икромов (вазни то 74 кг, соли 2005, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (вазни то 52 кг, соли 2009, Салоникии Юнон)дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф, мураббии варзидаи гуштӣ ва яке аз поягузорони самбо дар Тоҷикистон, рӯзи 1-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “хабари аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ муваққатан эътироф гардидани Федератсияи байналмилалии самбо маро хеле хушҳол кард. Бовар дорам, ки самбо дар оянда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил гардида, дар Олимпиада мавқеи сазоворро касб мекунад.”

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG