Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA дар ҷойи 118-ум қарор дорад


Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 29-уми ноябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, тағйир наёфт ва дар байни 211 кишвар бо бо 1161 имтиёз дар ҷойгоҳи 118-ум қарор гирифтааст.

Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Белгия дар феҳрасти нави FIFA бо 1727 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Хорватия – 1634 имтиёз, Англия – 1631 имтиёз, Португалия – 1614 имтиёз, Уругвай – 1609 имтиёз, Швейтсария – 1599 имтиёз, Испания – 1591 имтиёз ва Дания – 1589 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1481имтиёз дар зинаи 29-ум) қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 41-ум, 1436 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 50-ум, 1414 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (28-ум, 1482 имтиёз), Русия (48-ум, 1424 имтиёз) ва Беларус (76-ум, 1317 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (120-ум), Туркманистон (127-ум), Латвия (132-юм), Литва (133-юм) ва Молдова (170-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (91-ум) ва Узбекистон (95-ум) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи декабр чор бозии дӯстона анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 9-уми декабр дар шаҳри Доҳаи Қатар бо тими миллии Яман бозии дӯстона баргузор мекунанд. Сипас мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Масқат сафар менамояд ва дар он ҷо рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр бо тими миллии Умон ду бозии дӯстона доир менамояд. Бозии чоруми дӯстонаи футболбозони тоҷик 20-уми декабр дар шаҳри Манама муқобили тими Баҳрайн барпо мегардад.

Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003-юм мебошад. Феҳрасти ояндаи FIFA 20-уми декабр нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG