Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакли қирғиз ба тафтиши дороиҳои Отамбоев даъват кард


Алмосбек Отамбоев ва Исо Омурқулов
Алмосбек Отамбоев ва Исо Омурқулов

Вакили порлумони Қирғизистон Исо Омурқулов гуфт, бояд манбаи дороиҳои президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев санҷида шавад.

"Наметавонам бигӯям, ки Отамбоев чи қадар сарват дорад. Бар пояи қонун, ҳар мансабдори давлатӣ бояд даромад ва дороиҳои худро дар эъломия қайд кунад. Агар маълумоти нодуруст диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бояд санҷид, ки даромадҳои ӯ аз кадом ҳисобанд. Агар аз ҳисоби ширкате аст, бояд ҳисоботи даромад, харҷ ва ҳаҷми маҳсулотро дошта бошад. Агар бидуни ин ҳама шахс гӯяд, ки даромаде дорад, бояд онро санҷид", - афзуд Омурқулов.

Ба гуфтаи и вакил, сухан аз миллионҳо доллар меравад. "Оё ин қадар даромад дар як муддати кутоҳ имкон дорад? Ин масъала саволҳоеро ба миён меорад. Бинобар ин, бояд санҷид", - изҳор дошт вакили қирғиз.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев борҳо гуфта буд, ки пеш аз президент шуданаш миллионер буд. Ӯ ахиран бо телевизиони "Апрел" дар бораи манбаи даромадҳои худ муфассал суҳбат кард.

Додситонии кулли Қирғизистон 23 ноябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дастур дод, ки даромади Отамбоев аз ҳисоби фурӯши тиҷораташ дар Туркияро тафтиш кунад.

XS
SM
MD
LG