Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо дар дастаи Тоҷикистон муқобили Яман, Умон ва Баҳрайн бозӣ мекунанд?


Рӯйхати бозигарони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки ба бозиҳои дӯстонаи даста муқобили тимҳои миллии Яман, Умон ва Баҳрайн даъват мешаванд, эълон шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар моҳи декабр дар хориҷи кишвар чор бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо мақсади озмоиши захираи наздиктарини даста ба тими миллӣ як зумра бозигарони мунтахаби ҷавонони кишварро даъват менамояд. Ба рӯйхат ҳамагӣ 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - дохиланд.

Аз легионерҳо ба дастаи мунтахаби миллӣ ҳимоятгари «Металлург»-и Бекободи Узбекистон Зоир Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов, ки дар бошгоҳи лигаи аввали Беларус - «ЮАС-Житковичи» - бозӣ мекунад, даъват шудаанд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳои дӯстона сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошев раҳбарӣ мекунад. Зимнан, ин мутахассиси 53-сола аз Узбекистон, ҳамин моҳ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таъйин шудааст.

Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона мунтахаби кишвар 1-уми декабр дар урдугоҳи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Алмосии Ҳисор ҷамъ меояд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон субҳи чоршанбеи 5-уми декабр озими Қатар мешавад ва дар шаҳри Доҳа 9-уми декабр бо тими миллии Яман бозии дӯстона баргузор мекунад. Сипас мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Масқат сафар менамояд ва дар он ҷо рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр бо тими миллии Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Сафари футболбозони тоҷик 20-уми декабр дар шаҳри Манама бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстонаи моҳи декабр муқобили Яман, Умон ва Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Бозиҳои дӯстона

9-уми декабр (якшанбе)

Яман – Тоҷикистон

Доҳа, Қатар

13-уми декабр (панҷшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

16-уми декабр (якшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

20-уми декабр (панҷшанбе)

Баҳрайн Тоҷикистон

Манама, Баҳрайн

XS
SM
MD
LG