Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро ба Афғонистон бохт


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар ҳарду бозии дӯстона аз тими ҷавонони Афғонистон (U-20) бо натиҷаҳои 1:3 ва 1:7 шикаст хӯрд.

Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 рӯзҳои 26-ум ва 27-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», баргузор шуданд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тошканд барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Қирғизистон (2-юми декабр) ва Узбекистон (3-юми декабр) рақобат мекунад. Мунтахаби ҷавонони Афғонистон бошад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эрон ва Туркманистон бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1-уми декабр (шанбе)

16:00 – Туркманистон – Эрон

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 2-юм

2-юми декабр (якшанбе)

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

19:00 – Афғонистон – Туркманистон

Даври 3-юм

3-юми декабр (душанбе)

16:00 – Эрон – Афғонистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Плей-офф

4-уми декабр (сешанбе)

18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд

XS
SM
MD
LG