Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Узбекистон дар “CAFA Women’s Championship 2018”


Рӯзи 27-уми ноябр Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи байналмилалӣ “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир кардааст, баргузор шуданд.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Узбекистон тими Эронро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Қирғизистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври сеюм истироҳат кард, бозии даври чорумро рӯзи панҷшанбеи 29-уми ноябр муқобили тими Эрон анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон дар нахустин даври ин мусобиқаи байналмилалӣ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, давр даври дуюм аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:11 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври сеюм мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаҳои Эрон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Афғонистон, ки дар ҳарсе бозӣ мағлуб шудааст, имтиёз надорад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Узбекистон то рӯзи 1-уми декабр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби занонаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок доранд. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои ба даст овардааш муайян мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Womens Championship 2018»

Даври 1-ум

23-юми ноябр (ҷумъа)

Тоҷикистон Қирғизистон - 1:0

Узбекистон – Афғонистон 20:0

Даври 2-юм

25-уми ноябр (якшанбе)

Афғонистон Эрон – 0:6

Узбекистон – Тоҷикистон – 11:0

Даври 3-юм

27-уми ноябр (сешанбе)

Эрон – Узбекистон – 1:2

Қирғизистон Афғонистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

33-1

9

2

Эрон

2

1

0

1

7-2

3

3

Тоҷикистон

2

1

0

1

1-11

3

4

Қирғизистон

2

1

0

1

1-1

3

5

Афғонистон

3

0

0

3

0-27

0

Даври 4-ум

29-уми ноябр (панҷшанбе)

13:00 – Қирғизистон – Узбекистон

16:00 – Тоҷикистон – Эрон

Даври 5-ум

1-уми декабр (шанбе)

13:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

16:00 – Эрон – Қирғизистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор мешаванд

XS
SM
MD
LG