Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боксро метавонанд аз барномаи Олимпиада хориҷ намоянд


Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, ки бокс дар барномаи Бозиҳои олимпӣ боқӣ бимонад.

Ёдовар мешавем, 3-юми ноябри имсол дар конгресси Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорона (AIBA) дар Маскави Русия намояндаи Узбекистон Ғафур Раҳимов президенти ин ташкилот интихоб шуд. Ӯ аз 134 овоз 86 раъй гирифт ва аз рақибаш номзад аз Қазоқистон Серик Конакбоев пеш гузашт.

Вале муштзани пешин ва тоҷири узбек Ғафур Раҳимов дар робита доштан бо олами ҷиноӣ гумонбар мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пештар аз ин Раҳимовро бо гумони доду гирифт доштан бо "тоҷирон"-и маводи мухаддир шомили рӯйхати таҳримшудаҳо кардааст. Таҳримҳои ИМА ба шаҳрвандон ва ширкатҳои Амрико иҷозат намедиҳад, ки бо Раҳимов тиҷорат кунанд.

Баъди он, ки департамент оид ба назорати сарватҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА Раҳимовро ба рӯйхати таҳримшудагон дохил намуд, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба номзад хабар дод, ки пешниҳоди ӯ ба ин вазифа метавонад ба масъалаи нигоҳ доштани мақоми олимпии бокс таъсир расонад ва ин намуди варзиш мумкин аст аз иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар соли 2020 маҳрум шавад.

Ахиран хабар расид, ки КБО тасмими конгресси AIBA-ро дар ҷаласаи кумитаи иҷроия баъди як моҳ баррасӣ менамояд.

"Бокс яке аз намудҳои умдаи олимпӣ ба шумор меравад ва аз соли 1904 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил аст. Тамоми олами бокс бовар дорад IOC ва AIBA мухолифатеро, ки ҳузури боксро дар барномаи Бозиҳои олимпӣ зери хатар мегузорад, яктарафа мекунанд. Бокси ҳаваскорона ба ҷавонон имкон медиҳад, ки кишвари худро дар Олимпиада намояндагӣ карда, ба орзуяшон бирасанд ва шуҳратманд гарданд",-гуфта мешавад дар баёнияи WBC.

XS
SM
MD
LG