Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бозӣ мекунад


Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 иштирок менамояд.

Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» - дар марҳилаи аввали муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 мебоист бо қаҳрамони Баҳрайн бозӣ мекард, вале бошгоҳи ин кишвар аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт. Бинобар ин, душанбегиҳо ба мубориза аз даври дуюми муқаддамотӣ шуруъ мекунанд.

Дар ин марҳила рақиби «Истиқлол» барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврали соли оянда дар шаҳри Олмалики Узбекистон доир мегардад.

Дар мавриди пирӯзӣ бар АГМК “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёбад, онгоҳ бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми ноябр дар Малайзия доир шуд, ба гурӯҳи «А» шомил мегардад.

Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳҳои футболи «Ал-Васл» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Ал-Завра» (Ироқ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф-4 («Ал-Ғарофа»-и Қатар, «Зоб Оҳан»-и Эрон, «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ё «Кувайт»-и Кувайт) мешаванд.

Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёфтани «Истиқлол», онгоҳ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи чорумро соҳиб шуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бозӣ мекунад, зеро ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар - бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019

Марҳилаи дуюми муқаддамотӣ

12-уми феврал (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Плей-офф

19-уми феврал (сешанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон)/«Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG