Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Афғонистон дар Хуҷанд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар бозии аввали дӯстона аз тими ҷавонони Афғонистон (U-20) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», баргузор шуд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Рабиҷон Рабиев ба ҳадаф расонд.

Бозии ҷавобии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз, 27-уми ноябр, дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», соати 18:00 шуруъ мешавад.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тошканд барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Қирғизистон (2-юми декабр) ва Узбекистон (3-юми декабр) рақобат мекунад. Мунтахаби ҷавонони Афғонистон бошад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эрон ва Туркманистон бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1-уми декабр (шанбе)

16:00 – Туркманистон – Эрон

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 2-юм

2-юми декабр (якшанбе)

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

19:00 – Афғонистон – Туркманистон

Даври 3-юм

3-юми декабр (душанбе)

16:00 – Эрон – Афғонистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Плей-офф

4-уми декабр (сешанбе)

18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар шаҳри Тошканд, дар маҷмааи варзишии «Узбекистон», баргузор мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG