Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Сабрина дар қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ


Сабрина Абророва, шатранҷбози тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни духтарони зери 12-сола оид ба рапид ё шоҳмоти фаврӣ дар Тошканд медали нуқра ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, хабар дод. Вай гуфт, “дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни наврасону навҷавонон, ки аз 16-ум то 22-юми ноябр дар меҳмонхонаи "International Hotel Tashkent"-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, шатранҷбозони синашон аз 6 то 20-сола аз 11кишвар – Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Эрон ширкат доштанд. Ба барномаи мусобиқа ба ҷуз шоҳмоти маъмулӣ (стандарт), инчунин фаврӣ (рапид) ва барқвор (блитс) дохил буд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд.””

Ба иттилои Илҳом Юнусов, Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, дар сабқати шоҳмоти фаврӣ (рапид) дар 7 бозӣ 5 имтиёз ба даст овард ва дар миёни духтарони зери 12-сола мақоми дуюмро азони худ кард.

Дар ин мусобиқа, инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов натиҷаи нисбатан хуб нишон дод. Ӯдар байни писарони зери 14-сола ҷойи чорумро соҳиб шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни наврасону навҷавонон дар Тошканд дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 91 медал, азн ҷумла 26 нишони тилло, ҷойи аввалро ишғол намуд. Мунтахаби Қазоқистон дар ҷойи дуюм ва тими Эрон дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи 43-юми ҷаҳонии шоҳмот, ки моҳҳои сентябр – октябри имсол дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дар байни 150 даста тими занонаи Тоҷикистон ҷойи 71-ум ва тими мардонаи кишвар ҷойи 72-юмро соҳиб шуданд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон дар баробари шатранҷбози пуртаҷриба - Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутрибаи Илҳом ва Лидия Антонова, инчунин Сабрина Абророва дохил буд. Ӯ дар ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон аз ҳама бештар - 6,5 имтиёз (11 бозӣ) - ба даст овард.

XS
SM
MD
LG