Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд бо Қирғизистон


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни занон “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ имрӯз, 23-юми ноябр дар шаҳри Тошканд шуруъ мекунад, ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Узбекистон то рӯзи 1-уми декабр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби занонаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок мекунанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои ба даст овардааш муайян мешавад. Тақвими бозиҳо бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми ноябр дар Тошканд доир гардид, тартиб дода шуд. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон нахустин бозиро 23-юми ноябр муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Women’s Championship 2018»

Даври 1-ум

23-юми ноябр (ҷумъа)

13:00Тоҷикистон– Қирғизистон

16:00 – Узбекистон – Афғонистон

Даври 2-юм

25-уми ноябр (якшанбе)

13:00 – Афғонистон – Эрон

16:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

27-уми ноябр (сешанбе)

13:00 – Эрон – Узбекистон

16:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 4-ум

29-уми ноябр (панҷшанбе)

13:00 – Қирғизистон – Узбекистон

16:00Тоҷикистон – Эрон

Даври 5-ум

1-уми декабр (шанбе)

13:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

16:00 – Эрон – Қирғизистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG