Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷшер" бо шикаст додани "Эсхата" дар лигаи олӣ монд


Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар масими соли 2019 нигаҳ дошт.

“Панҷшер” дар бозии ҷавобии гузариш 22-юми ноябр дар майдони худ бар ҷоизадори нуқраи лигаи якум - тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд - бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Дар бозии аввал низ “Панҷшер” 18-уми ноябр дар меҳмонӣ «Эсхата»-ро бо ҳисоби 6:2 шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, «Панҷшер», ки дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми пешазохирин - ҳафтумро касб намуд, аз рӯи натиҷаҳои ду бозии гузариш бар «Эсхата» бо ҳисоби умумии 11:4 ғолиб омад ва мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар масими соли 2019 нигаҳ дошт.

Бозиҳои гузариш барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олии футболиТоҷикистон дар мавсими соли 2019

Бозии аввал

«Эсхата» – «Панҷшер» – 2:6

Голҳо: Эйя Эдвард, 23 (0:1). Шавкат Худойназаров, 39 (0:2). Равшанҷон Азизов, 43 (0:3). Боҳирҷон Сангинов, 45+1 (1:3). Сорбон Авғонов, 52 (1:4). Ҷӯрабой Исоев, 76 (2:4). Сорбон Авғонов, 81 (2:5). Саидакбар Юнусов, 90+1 (2:6).

«Эсхата» (Хуҷанд): Бахтиёрҷон Ҷӯраев, Иброҳим Раҳматов, Музаффар Бобоҷонов, Амирҷон Ҳомидов, Абдураҳмон Узоқов, Боҳирҷон Сангинов, Амирҷон Раҳимов (Абдумалик Шодиев, 46), Иброҳимхон Эшонхонов (Баҳриддинхон Бобохонов, 79), Хусравҷон Бобоев (Суҳробҷон Сабуров, 46), Рустамҷон Сабуров, Ҷӯрабой Исоев.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Алишер Салимов, Шавкат Худойназаров, Сорбон Авғонов (Маҳмуд Ғаюров, 85), Алишери Ҳотам, Фаршед Ҷамшедзода, Равшанҷон Азизов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Мунир Давлатбеков (Саидакбар Юнусов, 77), Шаҳбози Шарифӣ, Эйя Эдвард (Хайриддин Турахонов, 67).

Огоҳӣ: Музаффар Бобоҷонов, Ҷӯрабой Исоев, Иброҳим Раҳматов («Эсхата»), Сорбон Авғонов, Саидакбар Юнусов («Панҷшер»).

Беҳтарин бозигари дидор: Сорбон Авғонов («Панҷшер»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

18-уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 600 тамошобин.

Бозии ҷавобӣ

«Панҷшер» – «Эсхата» - 5:2

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 9 (0:1). Хайриддин Турахонов, 12 (1:1). Алишер Салимов, 37 (2:1). Алишери Ҳотам, 42 – ба дарвозаи худ (2:2). Алишер Салимов, 47 (3:2). Саидакбар Юнусов, 80 (4:2). Саидакбар Юнусов, 86 (5:2).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Бахтиёр Неъматов (Куайе Годсон, 68), Равшанҷон Азизов, Алишери Ҳотам, Фаршед Ҷамшедзода, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов (Маҳмадраҷаб Ҷобиров, 82), Шавкат Худойназаров, Хайриддин Турахонов (Саидакбар Юнусов, 46), Мунир Давлатбеков (Маҳмуд Ғаюров, 46), Алишер Салимов, Шаҳбози Шарифӣ, Эдвард Эйя.

«Эсхата» (Хуҷанд): Бахтиёр Ҷӯраев, Иброҳим Раҳматов, Абдураҳмон Узоқов, Амирҷон Ҳомидов, Иброҳим Эшонхонов, Музаффар Бобоҷонов (Хусрав Бобоев, 46), Амирҷон Раҳимов (Суҳроб Сабуров, 65), Рустам Сабуров, Ҷӯрабой Исоев, Абдумалик Шодиев, Нарзулло Раҷабов.

Огоҳӣ: Хайриддин Турахонов («Панҷшер»), Абдураҳмон Узоқов («Эсхата»).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбози Шарифӣ («Панҷшер»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

22-юми ноябр. Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG