Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бурд ва як бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Алматӣ


Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба анҷом расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин ҷамъомад мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин бо тими «Кайрат» (U-18) ду бозии санҷишӣ кард. Ин бозиҳо рӯзҳои 20-ум ва 21-уми ноябр дар урдугоҳи бошгоҳи футзали «Кайрат»-и Алматӣ баргузор шуданд. Бозии аввал бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 9:4 хотима ёфт. Дар бозии дуюми санҷишӣ “Кайрат” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Бозиҳои санҷишӣ

«Кайрат» (U-18) – Тоҷикистон (U-20) – 4:9

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон: Фаридун Неъматов (5), Холид Сабуров, Муҳаммад Раҷабов, Рамз Амрохонов, Сомон Саидзода.

«Кайрат» (U-18) – Тоҷикистон (U-20) – 3:2

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон: Рабиҷон Рабиев, Рамз Амрохонов.

Ҷамъомади таълимию тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Алматӣ як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тошканд барпо мегардад, маҳсуб мешуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Узбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1-уми декабр (шанбе)

16:00 – Туркманистон – Эрон

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 2-юм

2-юми декабр (якшанбе)

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

19:00 – Афғонистон – Туркманистон

Даври 3-юм

3-юми декабр (душанбе)

16:00 – Эрон – Афғонистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Плей-офф

4-уми декабр (сешанбе)

18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и Тошканд баргузор мешаванд

XS
SM
MD
LG