Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Русия ҳукми Маҳмадиевро бетағйир гузошт


Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи талоши пайвастан ба гуруҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, бетағйир гузошт.

Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи 21 ноябр хабар дод, ки баррасии шикояти вакилони дифои Умар Маҳмадиев дирӯз сурат гирифт ва додгоҳ гуфт, ҳукми содиркардаи Додгоҳи низомии ноҳияи Ленинград дуруст аст ва тағйир дода намешавад.

Ба гуфтаи муфаттишон, Умар Маҳмадиев, ки дар минтақаи Ленинград дар як корхонаи хиштсозӣ кор мекард, аз тариқи Интернет бо аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" иртибот дошта ва хостааст, ба Афғонистон биравад ва ба сафи аъзои ин гуруҳ дар онҷо бипайвандад.

Умар Маҳмадиевро рӯзи 8-уми декабри соли 2017 дар фурудгоҳи "Пулково"-и Маскав дастгир кардаанд. Ба қавли муфаттишон, ӯ мехост, аз Русия ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Афғонистон биравад. Ба гуфтаи додрасон, ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Расонаҳои Русия моҳи декабри ҳамон сол навиштанд, ки Умар Маҳмадиев гӯиё қасд доштааст, дар шаҳри Санкт-Петербург амалҳои террористӣ анҷом бидиҳад.

Мавқеи худи Маҳмадиев ба ҳукми додгоҳ дастрас нест.

XS
SM
MD
LG