Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё дар Алматӣ


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар ҳамин ҳол дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Алматии Қазоқистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни ин ҷамъомад мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, инчунин бо тими «Кайрат» (U-18) ду бозии санҷишӣ мекунад. Ин бозиҳо дар урдугоҳи бошгоҳи футзали «Кайрат»-и Алматӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тошканд барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳоиУзбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1-уми декабр (шанбе)

16:00 – Туркманистон – Эрон

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 2-юм

2-юми декабр (якшанбе)

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

19:00 – Афғонистон – Туркманистон

Даври 3-юм

3-юми декабр (душанбе)

16:00 – Эрон – Афғонистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Плей-офф

4-уми декабр (сешанбе)

18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и Тошканд баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG