Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоира дар чорякфинали қаҳрамонии бокси ҷаҳон шикаст хӯрд


Шоира Зулқайнарова.
Шоира Зулқайнарова.

Шоира Зулқайнарова, варзишгари тоҷик, дар даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ – ҷараён дорад, шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар Стефани Пинейро Ақуино аз Пуэрто-Рико бо ҳисоби 5:0 ва Мартина Шморанзова аз Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 3:2 ба чорякфинал баромад.

Шоираи 23-сола дар даври чорякниҳоӣ шоми сешанбеи 20-уми ноябр бо Дан Доу аз Чин рақобат кард. Ҳамаи панҷ довар аз Алҷазоир, Лаҳистон, Аргентина, Озарбойҷон ва Ирландия муштзани сурхпӯши тоҷикро якдилона бо натиҷаи якхелаи 26:30 мағлуб ҳисобиданд. Ҳамин тариқ, Дан Доуи кабудпӯш, ки бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуд, ба нимфинал баромад.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр баргузор мешавад, чил варзишгар аз 21 кишвар муборизаро барои медалҳои қаҳрамонии бокси ҷаҳон идома медиҳад.

Ба ҷуз Шоира Зулқайнарова дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Деҳлӣ боз ду муштзани дигари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова – ширкат доштанд. Миҷгона дар вазни зери 57 кило дар нахустин рақобати худ аз Ҷо Сун Ҳва аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Гулмира бошад, дар вазни зери 81 кило бо Виктория Кебикава аз Беларус рақобат кард. Бо тасмими довар қувваозмоӣ дар раунди аввал (2:40) бинобар бартарии комили муштзани беларусиягӣ қатъ шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Маҷмааи варзишии ба номи Индира Гандии Деҳлӣ доир шудааст, 277 варзишгар аз 62 кишвар ширкат дорад. Варзишгарон барои 10 маҷмуи медалҳо аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо (-48, -51, -54, -57, -60, -64, -69, -75, -81 ва +81кг) то рӯзи 24-уми ноябр мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 барои бори даҳум баргузор мешавад. Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф МавзунаЧориева мебошад, ки моҳи майи соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG