Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони футболбози тоҷик ба Тошканд мераванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияҳои футболи Осиёи Марказӣ (“CAFA Womens Championship 2018”) миёни занон иштирок мекунад.

Дар ин мусобиқа, ки аз 23-юми ноябр то 1-уми декабр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби занонаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ сурат мегирад, яъне дастаҳо бо ҳам дар як давра рақобат мекунанд. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои ба даст овардааш муайян мешавад. Тақвими бозиҳо бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми ноябр дар Тошканд доир мегардад, тартиб дода хоҳад шуд.

Рӯйхати ҳакамони «CAFA Women’s Championship 2018»

Сардоварони бозиҳо:

Сурур Саидӣ (Эрон)

Вероника Бернатская (Қирғизистон)

Ҳусноро Ҷумъаева (Узбекистон)

Ёварони сардовар:

Ҳабиба Рабавӣ Ганҷинакитоб (Эрон)

Залеҳ Туфанпур (Эрон)

Жибек Ақийл қизи (Қирғизистон)

Малика Қодирова (Қирғизистон)

Александра Кочникова (Узбекистон)

Хайринисо Эркинова (Узбекистон)​

Зимнан, имсол дар Тошканд мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни наврасони то 15 ва то 16-сола баргузор шуда буд, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш дар варзишгоҳи «Жар»-и Тошканд Ҷоми CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занонаи зери 19-сола доир гардид, ки дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаб аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат дошт.

Мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:8, аз тими Эрон бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрда, бозиро бо дастаи Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Тими Эрон бо 6 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон якимтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон мақоми севумро касб намуд.

XS
SM
MD
LG