Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев муборизаи мақомот бо фасодро "намоишӣ" унвон кард


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

"Дар асл имрӯз намоишкорӣ идома дорад, муборизаи зоҳирӣ бо фасодкорӣ", - гуфт президенти пешин ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 19-уми ноябр дар мусоҳиба бо телевизиони "Апрел".

Отамбоев бар ин назар аст, ки "одамон ба ин фиреб бовар мекунанд", зеро сарвазирро боздошт карданд.

"Аммо дар воқеъ, дар ҳамон гумрук дуздони олӣ ҳукмронӣ доранд ва буҷаи Қирғизистон аз ин кор миллиардҳоро аз даст медиҳад. Ин намоишкорӣ чи оқибатҳо дорад? Муборизаи зоҳирӣ бо фасод дар даври Оқоев ҳам буд, дар даври Боқиев ҳам давом дошт", - гуфт вай.

Алмосбек Отамбоев, ки дар интихоботи гузашта аз президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонӣ кард, баъдан ба мунаққиди сиёсатҳои ӯ табдил шуд. Ҷеенбеков якчанд мақомдорро, ки гуфта мешуд аз тарафдорони президенти пешин буданд, аз мақом сабукдӯш кард ва баъзеҳо боздошт шуданд.

Алмосбек Отамбоев дар бораи боздошти сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва раиси пешини шаҳри Бишкек Кубаничбек Қулматов изҳори назар кард.

"Ин ҳабс интиқомситонӣ аз Сафар Исҳоқов барои Раим (муовини пешини хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов) аст", - гуфт Отамбоев.

"Қулматовро барои чӣ боздошт карданд? Барои он ки вай талош кард, гумрукро аз одамони Раим пок кунад... Дар ёд доред, ки дар гумруки Ӯш пардохтҳо якбора даҳ баробар боло рафтанд? Ин пули калон аст. Маҳз барои ҳамин Қулматовро ҳабс карданд. Ҳақиқат ҳамин аст", - хулоса кард президенти пешин.

Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов ибтидои моҳи июни имсол боздошт шуданд. Нисбат ба онҳо бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" парванда боз шудааст.

Раиси пешини шаҳри Бишкек рӯзи 19-уми июл боздошт шуд. Нисбат ба ӯ ҳам бо моддаи фасодкорӣ парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG