Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд


Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба поён расид. Ин даста, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои аввалин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2019 мушарраф гардид.

“Соро компания”, ки аз 28 бозӣ дар 26-тоаш ғолиб омада, як бозиро мусовӣ кард ва дар якдидор мағлуб шуд, бо 79 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Душанбегиҳо бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.

«Соро компания» баъди анҷоми бозии даври охирини мусобиқа муқобили «Карона»-и Душанбе (5:2), бо Ҷоми қаҳрамонӣ мукофотонида шуд. Ҷомро ба дастаи ғолиб роҳбари Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев ва мудири кулли ширкати «Формула-55» Баҳром Почоев супурданд.

Медалҳои нуқра барои дуюмин бор насиби дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд гардид. Ин даста, ки 73 имтиёз дорад, мақоми дуюмро азони худ кард. Бозигари «Сипар» Умед Қузиев, ки 70 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқаи имсола гардид.

Дастаи «Садовая»-и Истаравшан, ки бо 51 имтиёз мақоми севумро соҳиб шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.

То анҷоми мусобиқа ҳамагӣ як бозии дигар миёни дастаҳои «Самандар»-и Турсунзода ва «Садовая»-и Истаравшан мондааст, ки натиҷаи он мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир намедиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими соли 2018:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

28

26

1

1

289-63

79

2

«Сипар» (Хуҷанд)

28

24

1

3

294-75

73

3

«Садовая» (Истаравшан)

27

17

0

10

245-146

51

4

«Равшан» (Кӯлоб)

28

14

0

14

176-158

42

5

«Карон» (Душанбе)

28

13

0

15

161-152

39

6

«Самандар» (Турсунзода)

27

9

0

18

128-261

27

7

ССКА «Артиш» (Душанбе)

28

5

0

23

86-262

15

8

ДДТТ «Сино» (Душанбе)

28

2

0

26

58-320

6

Нишонзанҳои беҳтарин: Умед Қузиев («Сипар») – 70 тӯб, Баҳодур Хоҷаев («Садовая») – 67 тӯб, Қадам Абилов («Равшан») – 62 тӯб.

XS
SM
MD
LG