Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи таҳсил Довуди маълулро ба по хезонд ва омӯзгор кард. ВИДЕО


“Вазири собиқи маориф омад ва гуфт, ки ту имконияти маҳдуд дорӣ, набояд дар ин мактаб таҳсил кунӣ. Дар синфи 5 аз мактаб маро пеш карданд”. Гилаи Довуди 12-сола аст, ки ҳоло худаш муаллим аст.

Ӯ се моҳ дар хона монд. Вале ба маълулӣ тан надод, аробаи маъюбиро канор гузошт ва асо гирифту дигарбора ба мактаби Кулоб баргашт, то дигар баҳонае барои монеъ шудан ба таҳсили ӯ пеш наоранд. Бибиаш ҳам ба мактаб рафт, то набераашро ба мактаб қабул кунанд.

“Бо гиристану молидани пойҳояш, бо сари урёну пойи урён ӯро хонондам”, – мегӯяд, Саъбагул Довудова. Вақте падару модар ӯро гузоштанд, бибиаш Довудро гирифту бузург кард.

Довуд дар мактаб таъна мешунид, ки маъюб аст, дуруст гап зада наметавонад, ба ӯ механдиданд, вале ноумед нашуд.

“Муаллимҳо мегуфтанд, ки рав дар хона дам бигир, ман баҳо мемонам. Лекин ман кӯшиш кардам, ки худамро ба ҷомеа ворид кунам” – гуфт Довуд ба Радиои Озодӣ.

Мактабро хатм кард ва ба донишгоҳ шомил шуд, ҳоло ҳар субҳ чун дигарон ба кор меравад. Баъди хатми Донишгоҳи Кӯлоб дар маркази “Заршедабону” ба маъюбон дарси компютер медиҳад. “Ҳадафи ман ҳамин аст, ки ҳар як маъюб бояд бихонад, бидонад” -мегӯяд, ӯ.

Довуд ба рағми амри вазири маориф омӯзгор шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00

Довуд Довудов мегӯяд, афроди маълул мисли ҳама инсонанд, баробари ҳама ҳуқуқ доранд ва лоиқи зиндагии шоиста ҳастанд. Мардум ҳам бояд назарашонро нисбат ба ин афрод тағйир диҳанд.

“Ҳозир бисёр кӯдакони маъюбро дар хонаҳояшон падару модарашон эрка кардаанд. Дар хона хобанд, фикр намекунанд, ки вақте падару модарашон мегузаранд, онҳоро кӣ нигоҳ мекунад?” -мегӯяд Довуд.

Дар донишгоҳ низ ӯро ба таҳсили фосилавӣ гирифтанд, аммо нахост дар хона бишинад ва худро аз дигарон кам эҳсос кунад.

“Баъд кӯшиш кардам ба дарс равам, чунки мехостам ҳамкурсҳоямро бубинам. Худамро танҳо ҳис накунам.”

Довуд аз бибии меҳрубонаш сипосгузор аст, ки ӯро бузург кард.
Довуд аз бибии меҳрубонаш сипосгузор аст, ки ӯро бузург кард.

Довуд Довудов, баъди хатми донишгоҳ ба дари чанд муассиса рафт, то ӯро ба кор гиранд, аммо касе ба кор напазируфт. Ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навишт ва баъди чанд моҳ ҷавоб гирифт ва ӯро Маркази рӯзонаи тавонбахшии “Меҳрона” барои кӯдакони маълул ба кор гирифтанд. Дар ин марказ се соат ба ҷавонони маълул дарси компютер медиҳад.

Рухшона Шамсова, намояндаи “Меҳрона” ба Радиои Озодӣ гуфт, Довуд Довудов ҷавони бомасъулият аст ва корашро хуб медонад.

“Ба кори худ содиқ аст ва бо ҳамкорон муносибати хуб дорад ва баробари кормандони ин боргоҳ корашро хуб анҷом медиҳад. Ростӣ, мо дигар маълул будани ӯро эҳсос намекунем, зеро доим дар талош аст. Ҳоло Довуд корҳоеро анҷом медиҳад, ки мо аз уҳдааш намебароем ва гоҳе аз ӯ мепурсем", - гуфт мусоҳиби мо.

Довуд таҳсилашро дар магистратура идома медиҳад. Ӯ мақсад дорад, ҳамтақдирони худро ташвиқ кунад, ки ба ҳеҷ мушкиливу иллат тан надиҳанд ва дар баробари дигар аъзои ҷомеа аз зиндагиву ҳуқуқу имконоти комил баҳраманд шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG