Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии "Арсенал" таъйин шуд


Игор Черевченко.
Игор Черевченко.

Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, сармураббии дастаи “Арсенал” таъйин гардид. Дар ин бора ин бошгоҳи футбол аз шаҳри Тулаи Русия дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Черевченко дар ин вазифа Олег Кононовро, ки чанд рӯз пеш сармураббии тими «Спартак»-и Маскав таъйин шуд, иваз намуд. Ба Черевченко мураббии калон Игор Семшов, мураббӣ Вадим Гаранин ва мураббии дарвозабонҳо Александр Помазун кӯмак мекунанд.

Игор Черевченко то соли 1994 дар “Помир” бозӣ кард ва ду сол – солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Дар мавсими ҷорӣ «Арсенал» дар Премер-лигаи Русия бо 17 имтиёз пас аз 14 бозӣ дар зинаи 11-ум ҷойгир шудааст. «Арсенал», ки дар Ҷоми Русия ба чорякфинал баромад, бо тими «Оренбург» рақобат мекунад. Бозии аввали чорякниҳоӣ 5-уми декабри имсол ва бозии ҷавобӣ 24-уми феврали соли оянда барпо мегарданд.

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар ноҳияи Қумсангир (имрӯза Ҷайҳун) ба дунё омада, баъди ба дастаи "Помир" даъват шудани падараш Геннадий Черевченко дар Душанбе ба камол расидааст. Ӯ мисли падараш дар хатти дифоъ бозӣ мекард ва собиқаи футболбозиашро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст.

Игор Черевченко то соли 1994 дар “Помир” бозӣ кард ва ду сол – солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайати “Индустрия”-и Обнинск бозӣ кард, вале ҳунарнамоии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ бурд.

Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кард. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.

Ӯ баъди анҷоми бозӣ аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар “Локомотив” кор мекард. Соли 2014 як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд, вале раҳбарияти “Локомотив” дар ниҳоят бо мураббии серб Миодраг Божович қарордод баст. Божович дар моҳи апрели соли 2015, дар пайи чанд нокомии пуштиҳами даста истеъфо дод ва Черевченко бори дуюм иҷрокунандаи вазифа шуд.

“Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ ин бор ба комёбиҳое ноил шуд ва аз ҷумла моҳи май Ҷоми футболи Русияро ба даст овард. Игор Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии футболи Русия аз вазифааш истеъфо дод.

Моҳи феврали соли 2017 Игор Черевченко бошгоҳи Лигаи миллии футболи Русия - «Балтика»-и Калининградро раҳбарӣ мекард. Дар мавсими 2017/18 «Балтика» дар дивизиони аввал мақоми панҷумро касб намуд.

XS
SM
MD
LG