Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 моҳи декабр дар хориҷи кишвар ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимию тамринӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар моҳи декабр чор бозии дӯстона мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон 9-уми декабр дар шаҳри Доҳаи Қатар бо тими миллии Яман рӯбарӯ мешавад.
Сипас мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Масқат сафар менамояд ва дар он ҷо рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр бо тими миллии Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сафари дуҳафтаинаи футболбозони тоҷик 20-уми декабр дар шаҳри Манама бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳои дӯстона сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбекистонӣ раҳбарӣ мекунад.
Бозиҳои дӯстона
9-уми декабр (якшанбе)
Яман – Тоҷикистон
Доҳа, Қатар
13-уми декабр (панҷшанбе)
Умон – Тоҷикистон
Масқат, Умон
16-уми декабр (якшанбе)
Умон – Тоҷикистон
Масқат, Умон
20-уми декабр (панҷшанбе)
Баҳрайн – Тоҷикистон
Манама, Баҳрайн