Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо АГМК аз Узбекистон рақобат мекунад


Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар мавсими нав бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) бозӣ мекунад. Барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтан ба қаҳрамони Тоҷикистон зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ бошгоҳи футболи АГМК-и Узбекистан, баъдан дар даври плей-офф бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд.

Конфедератсиони футболи Осиё рӯзи 14-уми ноябр созмонҳои миллиро бо механизми баргузории бозиҳои муқаддамотии даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC-2019 ошно кард.

Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» - дар марҳилаи аввали муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 мебоист бо қаҳрамони Баҳрайн бозӣ мекард, вале бошгоҳи ин кишвар аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт. Бинобар ин, душанбегиҳо ба мубориза аз даври дуюми муқаддамотӣ шуруъ мекунанд. Дар ин марҳила рақиби «Истиқлол» барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврали соли оянда дар шаҳри Алмалики Узбекистон доир мегардад..

Дар мавриди пирӯзӣ бар АГМК “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср» аз Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёбад, онгоҳ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи чорумро соҳиб шуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бозӣ мекунад, зеро ки ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар - бошгоҳи «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019

Марҳилаи дуюми муқаддамотӣ

12-уми феврал (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Плей-офф

19-уми феврал (сешанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон)/«Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG