Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии чор паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзи 9-уми ноябр дар пойтахти Руминия –шаҳри Бухарест – доир шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

  • Дар рӯзи аввали мусобиқа – 9-уми ноябр – занон дар се вазн - то 48, 60 ва 72 кг, мардон низ дар се вазн - то 52, 68 ва 90 кг оид ба самбои варзишӣ рақобат карданд. Дар самбои размӣ мардон дар се вазн - то 57, 74 ва 100 кг - барои медалҳо мубориза бурданд.
Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия варзишгарони тоҷик панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ гирифта буданд

Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа оид ба самбои варзишӣ дар сабқати мардон се варзишгар намояндагӣ кард. Вале ҳарсе дар даври аввал шикаст хӯрданд. Ҷомии Ҳасан дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило аз Гиви Надареишвилии гурҷӣ мағлуб шуд. Мустафо Ҳасанов дар вазни зери 68 кило қувваозмоиро ба Ласио Сокеи руминиягӣ бохт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило аз Камолиддин Холмаматови узбекистонӣ мағлуб шуд. Инчунин Беҳрӯз Зуҳуров дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 74 кило аз Михаил Николови булғор ноком гашт.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз 5 варзишгар дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ва 3 нафар дар самбои размӣ ширкат меварзанд: самбои варзишӣ - Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-74 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг) ва Муҳаммадризо Қурбонзода (-100 кг), самбои размӣ - Сорбон Латифов (-62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (-68 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90 кг).

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарест, ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ҳайси ҳакам намояндагӣ мекунад.

Барномаи мусобиқа

  • 10-уми ноябр – рӯзи дуюм. Занон: то 52, 64 ва 80 кг. Мардон: то 57, 74 ва 100 кг. Самбои размӣ: то 62, 82 кг ва беш аз 100 кг.
  • 11-уми ноябр – рӯзи сеюм. Занон то 56, 68 кг ва беш аз 80 кг. Мардон: то 62, 82 кг ва беш аз 100 кг. Самбои размӣ: то 52, 68 ва 90 кг.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Қасри варзиши «Sala Polivalenta»-и Бухарест ҳудуди 500 варзишгар аз 80 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) то рӯзи якшанбеи 11-уми ноябр мубориза мебаранд.

FIAS дар соли таҷлили ҷашни 80-солагии самбо маблағи ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА муқаррар кардааст. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки соли гузашта дар шаҳри Сочии Русия бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, варзишгарони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия

9-уми ноябри соли 2018

Мардон

52 кг

1. КУБАРКОВ Aндрей (Русия)

2. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)

3. ШААЛУУ Ерденебаатар (Mуғулистон)

3. НАДАРЕИШВИЛИ Гиви (Гурҷистон)

68 кг

1. СЕРИКОВ Нурбол (Қазоқистон)

2. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

3. КЛЕТСКОВ Никита (Русия)

3. КОКША Александр (Беларус)

90 кг

1. ОГАНИСЯН Давид (Русия)

2. СТЕПАНКОВ Алексей (Беларус

3. ГЕРАСИМЕНКО Дмитрий (Сербия)

3. ГВИНИАШВИЛИ Паата (Гурҷистон)

Самбои размӣ

57 кг

1. НЕСТЕРОВ Александр (Русия)

2. ВОРОПАЕВ Александр (Украина)

3. НЯМХУУ Тогтохбаяр (Муғулистон)

3.ТУССУПОВ Серикжан (Қазоқистон)

74 кг

1. РУДНИЕВ Владислав(Украина)

2. КАРЯЕВ Дайирбек (Қирғизистон)

3. АЗИЗОВ Заур (Русия)

3. ХУУХЕНХУУ (Mуғулистон)

100 кг

1. ВОЛОШЯНОВ Анатолий (Украина)

2. ДЕНИСЛАВ Златев (Булғористон)

3. АННАҚУРБОНОВ (Tуркманистон)

3. МОХНАТКИН Михаил (Русия)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG