Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" аз тими Филиппин бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.
Ин бозӣ 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 24-ум бозигари мунтахаби Тоҷикистон Гулсунбӣ Ҳалимова боз кард. Баъди шаш дақиқа Шела Мае Кадаг ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигарро, ки якеаш аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ буд, занони футболбози филиппинӣ дар нимаи дуюми дидор ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дар ин варзишгоҳ рӯзи панҷшанбе дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин тими Муғулистонро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайбэйи Чин ва Филиппин бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз ҷойи сеюмро касб намудааст. Тимҳои Сингапуру Муғулистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври чорум рӯзи якшанбе, 11-уми ноябр, соати 13:00 миёни дастаҳои Филиппину Муғулистон ва соати 16:00 байни тимҳои Сингапуру Тайбэйи Чин шуруъ мешаванд.
Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 13-уми ноябр муқобили тими Сингапур анҷом медиҳад. Ин бозии даври панҷум дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 оғоз меёбад.
Марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 13-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат доранд.
Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби занона дар чор гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “В” Эрон, Ҳонгконг ва Лубнон, ба гурӯҳи “С” Мянмар, Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш, ба гурӯҳи “D” Урдун, Индонезия, Фаластин ва Молдив дохиланд.
Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, инчунин ду дастаи ҷойҳои сеюм аз рӯи натиҷаҳои хубтар (дар маҷмуъ 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистону Ветнам мепайванданд.
Марҳилаи дуюми интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 дастаи мунтахаби занона дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели соли оянда барпо мегардад.
Мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”
Даври 3-юм
Филиппин - Тоҷикистон – 3:1
Голҳо: Гулсунбӣ Ҳалимова, 24 (0:1). Шела Майе Кадаг, 30 (1:1). Сара Изабел Арриета Кастанеда, 50 (2:1). Сара Изабел Арриета Кастанеда, 76 – аз пеналтӣ (3:1).
Тоҷикистон: Сахина Саидова (Муаттара Раҳматуллоева, 45+3), Насиба Олимова (Зуҳали Фарҳод, 90+1), Сайрам Холназарова, Мавҷуда Сафарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зебонисо Абдуллоева, 83), Некубахт Худододова (Шукронаи Ҷумъахон, 84).
Сардовар: Каҷияма Фусако (Ҷопон).
Нозири доварон: Видия Ҳабиба Шамсурӣ (Малайзия).
Комиссари бозӣ: Абир Рантисӣ (Урдун).
8-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
Тайбэйи Чин - Муғулистон – 9:0
Голҳо: Мишел Пао, 29 (1:0). Хсу Юи-Юн, 39 (2:0). Ли Хсиу-Чин, 40 (3:0). Ю Хсиу-Чин, 42 – аз пеналтӣ (4:0). Ю Хсиу-Чин, 49 (5:0). Ю Хсиу-Чин, 52 (6:0). Чен Ен-Пинг, 72 (7:0). Чен Ен-Пинг, 86 (8:0). Лин Я-Хан, 90+2 (9:0).
Сардовар: Доумоуҳ Ал-Баққар (Лубнон).
Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).
Комиссари бозӣ: Эмили Лау (Ҳонконг).
8-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 60 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Тайбэйи Чин |
2 |
2 |
0 |
0 |
18-0 |
6 |
2 |
Филиппин |
2 |
2 |
0 |
0 |
12-1 |
6 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
0 |
2 |
5-13 |
3 |
4 |
Сингапур |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-11 |
1 |
5 |
Муғулистон |
3 |
0 |
1 |
2 |
3-14 |
1 |
Тақвими бозиҳои боқимонда
Даври 4-ум
11-уми ноябр (якшанбе)
13:00. Филиппин – Муғулистон
16:00 – Сингапур – Тайбэйи Чин
Даври 5-ум
13-уми ноябр (сешанбе)
13:00 – Тайбэйи Чин – Филиппин
16:00 – Тоҷикистон – Сингапур
Салом. Толибон бо эҳтимоли зиёд ба тоҷикистон ҳамла намекунад. Зеро у кумаки лоҷестики ғайри расми аз русия мегирад, ва у намехоҳад бо ду тараф дасту панҷа нарм кунад онҳам бо русҳо, ки медонад оқибат чи мешавад. Ҳеҷ инсони оқил вақте ба яктараф дар ҷанг ҳаст барои худаш як дарди сари дигар дуруст кунад, онҳам чи дарди саре.... Мардуми тоҷик ороим бошед ва ҳеҷ тарсе роҳ надиҳед. Ин бозиҳои сиёсиро каме ёд гиред хуб ҳаст, зарар надорад.
Чаро мегуед касе осеб надид? Бобои Давлатбег аз Рузвай дар китфаш тир хурда дар Караболои Душанбе качпахлу хобай
Ман тарафдорам, ки дембелхое, ки аз ин ба баъд бардафтори мекунанд якумра хабс карда шаванд. Бигзор дар турма мурда пусида раванд.
Чиба кампанияи майл.ру андоз намебандан
Biser kori zaruri hast. Vatan dar khatar monad, mo hama sarkhadchi hastem. Lekin baroi chi in korho fakat dar in nohiya, baroi chi dar nohiyahoi Kuhistoni Pomir in korho pesh namebarand? e hukumati Markazi fikri moro namekunad, e ba mo akkalan yaroki shikorchi gi dodan bovari nadorad. Leki darkor shavad, mo bo sang ham khonahoi khud va hukumat ro az tolibu , doishu digar, muhofizat mekunem, beshubha. Shikorchieni khub ham dorem dar in daraho.