Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ҳафтум қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои бори ҳафтум ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид.

Дар даври бистуми мусобиқа «Истиқлол» бозиро имрӯз, 7-уми ноябр, дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – ба ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бохт. Голи ягонаро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 54-ум ба самар расонд.

Вале ин бохт мавқеи “Истиқлол”-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. “Истиқлол”, ки бо 48 имтиёз барои рақибонаш дастнорас шуд, пеш аз даври охирини мусобиқа соҳиби медалҳои тилло гардид.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷадвал бо 43 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Хуҷандиҳо дар даври бистум дар меҳмонӣ аз тими «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд.

Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо “Хуҷанд” пешакӣ медалҳои биринҷиро азони худ кард. “Кӯктош” дар даври бистум бозиро 7-уми ноябр дар майдони худ ба “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 бохт.

Боз як бозии даври бистум рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дастаи мизбон - “Панҷшер”- тими “Барқчӣ”-и Ҳисорро, ки дар зинаи охирин ҷойгир шуд, бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври 20-ум

7-уми ноябр (чоршанбе)

«Панҷшер» «Барқчӣ» - 2:1

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

«Истиқлол» ССКА «Помир» - 0:1

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Хатлон» – «Хуҷанд» - 4:2

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Кӯктош» «Регар-ТадАЗ» - 1:2

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

20

15

3

2

34-16

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

13

4

3

39-19

43

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

20

9

3

8

30-29

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

20

7

4

9

25-26

25

5

«Хатлон» (Бохтар)

20

7

3

10

24-26

24

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

20

5

8

7

21-30

23

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

20

4

6

10

16-27

18

8

«Барқчӣ»исор)

20

4

1

15

16-32

13

Даври 21-ум

11-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Барқчӣ» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Хатлон»

XS
SM
MD
LG