Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба карате дар Мадрид


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба карате, ки 6-уми ноябр дар Мадриди Испания шуруъ шуд, рақобат мекунанд. Ба иттилои Федератсиони ҷаҳонии карате (WKF), дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки дар пойтахти Испания то рӯзи 11-уми ноябр идома меёбад, беш аз 1300 варзишгар аз 138 кишвари олам ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Муҳаммад Бодаков се варзишгар дохил аст. Дар сабқати мардон ду нафар - Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни зери 60 кило ва Қамариддин Ҳасанов дар вазни зери 67 кило – ширкат меварзанд. Дар сабқати занон Тоҷикистонро Гулосори Суҳроб дар вазни зери 55 кило намояндагӣ мекунад.

Мусобиқа дар навъҳои кумите ва ката миёни мардону занон (инфиродӣ ва дастаӣ), инчунин оид ба пара-карате сурат мегирад. Ҳарсе варзишгари тоҷик дар навъи кумите вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба карате дар Испания барои чорумин бор баргузор шудааст. Пеш аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ солҳои 1980 ва 2002 дар Мадрид ва соли 1992 Гранада доир гардида буд.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Мадрид шумораи варзишгарон нисбат ба мусобиқаҳои пешин зиёд аст, зеро ки ин мусобиқа қабл аз Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио мусобиқаи интихобӣ маҳсуб мешавад. Ширкаткунандагон барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи навбатӣ имтиёзҳо мегиранд.

Карате-до дар Тоҷикистон, бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Ин ҳунари размии ҷопонӣ, ки маънояш муҳориба бо дастони холист, дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи карате -до соли 1992 ривоҷ ёфтааст.

Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии карате (WKF) ва Федератсияи каратеи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғуланд.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG