Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон аз Тайбэйи Чин 9 гол хӯрд


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" аз тими Тайбэйи Чин бо ҳисоби 0:9 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 6-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Бозии дигари гурӯҳи «А» дар ин варзишгоҳ рӯзи сешанбе миёни дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Сингапур бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайбэйи Чин, Филиппин ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ доранд. Тимҳои Муғулистону Сингапур якимтиёзӣ гирифтаанд.

Бозиҳои даври сеюм рӯзи панҷшанбе, 8-уми ноябр, соати 13:00 миёни дастаҳои Тайбэйи Чин ва Муғулистон, соати 16:00 байни тимҳои Филиппину Тоҷикистон шуруъ мешаванд.

Марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 13-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат доранд.

Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби занона дар чор гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “В” Эрон, Ҳонгконг ва Лубнон, ба гурӯҳи “С” Мянмар, Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш, ба гурӯҳи “D” Урдун, Индонезия, Фаластин ва Молдив дохиланд.

Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, инчунин ду дастаи ҷойҳои сеюм аз рӯи натиҷаҳои хубтар (дар маҷмуъ 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистону Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 дастаи мунтахаби занона дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели соли оянда барпо мегардад.

Мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020

Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Тайбэйи Чин – 0:9

Голҳо: Мишел Пао, 41 (0:1). Мишел Пао, 44 (0:2). Ю Хсиу-Чин, 51 (0:3). Ю Хсиу-Чин, 55 (0:4). Ю Хсиу-Чин, 56 (0:5). Ли Хсиу-Чин, 66 (0:6). Ли Хсиу-Чин, 74 (0:7). Ли Хсин-Ху, 78 (0:8). Ли Хсин-Ху, 82 (0:9).

Тоҷикистон: Сахина Саидова, Сайрам Холназарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зебонисо Абдуллоева, 83), Некубахт Худододова (Насиба Олимова, 69), Шукронаи Ҷумъахон (Мавҷуда Сафарова, 46).

Огоҳӣ: Некубахт Худододова (Тоҷикистон).

Сардовар: Панса Чаисанит (Тайланд).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Эмили Лау (Ҳонконг).

6-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошобин.

Муғулистон – Сингапур – 2:2

Голҳо: Намуун Баярсайхан, 4 (1:0). Тувшинҷаргал Ундрал, 38 (2:0). Чуа Кай Анжелине, 68 (2:1). Нур Раудха Хамис, 87 (2:2).

Огоҳӣ: Нурул Фатин Шукран (Сингапур).

Сардовар: Буй Тхи Тху Транг (Ветнам).

Нозири доварон: Видия Ҳабиба Шамсурӣ (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Абир Рантиси (Урдун).

6-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайбэйи Чин

1

1

0

0

9-0

3

2

Филиппин

1

1

0

0

9-0

3

3

Тоҷикистон

2

1

0

1

4-10

3

4

Муғулистон

2

0

1

1

3-5

1

5

Сингапур

2

0

1

1

2-11

1

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

8-уми ноябр (панҷшанбе)

13:00. Тайбэйи Чин – Муғулистон

16:00. Филиппин – Тоҷикистон

Даври 4-ум

11-уми ноябр (якшанбе)

13:00. Филиппин – Муғулистон

16:00 – Сингапур – Тайбэйи Чин

Даври 5-ум

13-уми ноябр (сешанбе)

13:00 – Тайбэйи Чин – Филиппин

16:00 – Тоҷикистон – Сингапур

XS
SM
MD
LG