Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба “Истиқлол” барои қаҳрамон шудан як имтиёз кофист


То анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар мондааст. Бозиҳои даври пешазохирин – бистум - рӯзи чоршанбеи 7-уми ноябр баргузор мешаванд. Ҳарчор бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад.

Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифт ва соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Дар даври бистум «Истиқлол» -и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ - бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад. Агар "Истиқлол”, ки ҳоло бо 48 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад, ин бозиро ҳадди ақал бо натиҷаи мусовӣ анҷом бидиҳад, бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст меёбад.

Муддаии дигари медалҳои тилло - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки алъон дар ҷадвал бо 43 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст, дар даври бистум дар меҳмонӣ бо тими «Хатлон»-и Бохтар вориди рақобат мешавад.

Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, новобаста аз натиҷаҳои ду бозии боқимондааш - 7-уми ноябр дар майдони худ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо “Хуҷанд” - пешакӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар мавриди роҳ ёфтани қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019, тими «Кӯктош» ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019-ро пайдо мекунад.

Боз як бозии даври бистум рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки мутаносибан дар зинаҳои охири ҷадвал (7-8-ум) ҷойгир шуда, барои дар лигаи олӣ мондан талош доранд, сурат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври 20-ум

7-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Панҷшер» «Барқчӣ»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

«Истиқлол» ССКА «Помир»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Хатлон» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Кӯктош» «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

15

3

1

34-15

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

13

4

2

37-15

43

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

9

3

7

29-27

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

6

4

9

23-25

22

5

«Хатлон» (Бохтар)

19

6

3

10

20-24

21

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

19

4

8

7

20-30

20

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

19

3

6

10

14-26

15

8

«Барқчӣ» (Хисор)

19

4

1

14

15-30

13

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6- тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG