Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони абади як зани украинӣ дар Малайзия барои қочоқи маводи мухаддир


Як зани 24-солаи украинӣ дар Малайзия барои қочоқи маводи мухаддир ба зиндони абад маҳкум шуд. Додгоҳи олии Малайзия рӯзи 5 ноябр гуфт, ки Клавдия Лопаткина барои қочоқи беш аз 1,5 кг кокаин гунаҳгор дониста шуд. Ин зан соли 2015 дар фурудгоҳи байналмилалии ҷазираи Пенанги Малайзия боздошт шуд ва дар дохили ҷомадонаш чанд қуттичаи шоколад ошкор шуд, ки дар дохилаш кокаин будааст. Дар мурофиаи додгоҳии декабри соли 2017 додрас гуноҳи Лопаткинаро исботношуда эълон кард, вале дар паи аризаи шикоятии додситонӣ ин ҳукм бозбинӣ шуд. Лопаткина ба ҳангоми боздошт ҳомиладор буд ва августи соли 2016 дар дохили зиндон духтарча таваллуд кард.

XS
SM
MD
LG