Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Twitter саҳифаи рӯҳонии бонуфузи покистониро масдуд кард


Ширкати Twitter саҳифаи як рӯҳонии тундравро дар Покистон бо сабаби пахши назарҳои ифротиву таҳдидомез дар нисбати Додгоҳи олӣ, нахуствазир ва раҳбарони низомии кишвар масдуд кардааст. Назарҳои таҳдидомези рӯҳонии ифротӣ баъди он пахш шуд, ки бо як тасмимаш 31 октябр Додгоҳи олии Покистон ҳукми марги Осия Бибӣ, зани 54-солаи масеҳиро бекор ва ӯро баъди 8 соли зиндон озод кард. Ин ҳодиса мавриди хашми бахши азими ҷомеаи Покистон, бахусус афроди мазҳабӣ шуд, ки давоми се рӯз даст ба эътирозҳои сартосарӣ заданд.

Рӯзи 5 ноябр мақомоти хадамоти мухобироти Покистон гуфтанд, ки аз шабакаи Twitter дархост намуданд, то саҳифаи рӯҳонӣ Хадим Ҳусайн Ризвӣ баста шавад. Ҳизби “Таҳрики Лаббайк”-и ин рӯҳонӣ дар давоми се рӯзи эътирозҳову масдуд кардани роҳҳо додрасҳои Додгоҳи олиро таҳдид кардааст. Хадамоти мухобироти Покистон дар номааш ба унвонии шабакаи иҷтимоӣ гуфтааст, ки рӯҳонӣ бо навиштаҳои худ “бадбиниву хушунат”-ро таблиғ мекард ва аз ходимони Додгоҳи олӣ даъват мекард, ки додрасҳои ин муассисаро бикушанд.

Дар баробари Ризвӣ, мақомоти Покистон алайҳи садҳо эътирозгар парванда боз кардаанд. Полис гуфт, ки дар натиҷаи бетартибиҳои эътирозгарон ва дар паи сӯхтору харобкорӣ беш аз 150 нафар боздошт шудаанд. Бибӣ Осия, ки соли 2010 барои тавҳин дар ҳақи пайғамбари Ислом Муҳаммад ба ҳукми қатл маҳкум шуд, баъди 8 соли зиндон аз ҷониби Додгоҳи олӣ сафед ва озод шуд. Худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG