Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё дар Қазоқистон


Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни мардону занон ба хотираи Турар Жолдибоев, соҳибкори маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир шуд, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки барои аввалин бор таҳти сарпарастии Иттиҳоди ҷудои Осиё барпо гардид, 76 варзишгар (56 мард ва 20 зан) аз ҳафт кишвар – Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Юнон - ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се гуштигир – Хайёмиддин Ҷабборов, Иброҳим Саидакбаров ва Саидҷалол Саидов – намояндагӣ карданд.

Дастаи Тоҷикистон бо касби ду медал (як тилло ва як нуқра) ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Медали тиллоро Саидов ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило, ки ҳамагӣ чор гуштигир иштирок дошт, нахуст бар Арман Калиев аз Қазоқистон ғолиб омада, ба финал баромад. Саидҷалол дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири дигари қазоқ Шассулан Мухаметханов дастболо шуд. Ба ин тартиб, дар вазни зери 100 кило Саидов ҷойи аввал, Мухаметханов ҷойи дуюм ва Калиев ҷойи сеюмро гирифтанд.

Паҳлавони дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни зери 73 кило рақобат кард, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар ин вазн ҳамагӣ 11 нафар иштирок кард. Ҷабборов, ки дар даври аввал озод буд, баъди ду пирӯзӣ бар Еркебулан Аманкос ва Нурлан Оразалин (ҳарду аз Қазоқистон), ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Георгиос Азойдиси юнонӣ мағлуб шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Иброҳим Саидакбаров, ки дар вазни зери 73 кило рақобат намуд, дар даври аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқ шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, дар вазни зери 73 кило Азоидис ҷойи аввал, Ҷабборов ҷойи дуюм, Оразалин ва Бека Шавдатуашвилии гурҷӣ ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Гурҷистон бо касби 4 медали тилло дуюм шуд. Дастаи Тоҷикистон бо касби ду медал (як тилло ва як нуқра) ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Ҷоми бози Осиё ба хотираи Турар Жолдибоев мусобиқаи литсензионӣ мебошад. Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо имтиёзҳо дода шуд: ҷойи якум - 100 имтиёз, ҷойи дуюм - 60 имтиёз, ҷойҳои сеюи - 40 имтиёз.

XS
SM
MD
LG