Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ қаҳрамони Осиё шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, барои севумин бор қаҳрамони Осиё миёни футболбозони зери 19-сола гардид.

Бозии ниҳоӣ миёни ин ду даста рӯзи якшанбе, 4-уми ноябр, дар варзишгоҳи «Пакансари»-и шаҳри Сибинонги Индонезия бо ҳузури бештар аз 3000 тамошогар баргузор шуд. Ҳисобро Ал-Умар, бозигари мунтахаби Арабистони Саудӣ, дар дақиқаи 2-юм боз кард. Голи дуюми арабҳоро Ал-Гҳаннам дар дақиқаи 22-юм зад. Дар нимаи дуюми дидор Чо Юнг-Вук, бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ҳисобро тағйир дод. Ӯ дар дақиқаи 64-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия 4-уми ноябр ба поён расид. Дастаҳои мунтахаби Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ, ки ба нимфинали қаҳрамонии Осиё-2018 баромаданд, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) роҳхат гирифтанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 20-сола моҳи майи соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия то даври чорякниҳоӣ баромад. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамагӣ чор бозӣ анҷом доданд. Онҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ нахуст бар мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, баъдан бозиро бо тими Малайзия бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонданд ва дар бозии севуми худ аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб гаштанд. Дар чорякфинал бозиро ба мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 бохтанд ва аз роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бенасиб монданд.

Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори дуюм дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кард, аз рӯи натиҷаҳои имсолааш дар Индонезия дар байни панҷ дастаи беҳтарини қора ҷойгир шуд. Пеш аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар ва Ҷопон қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия

Чорякфинал

Кореяи Ҷанубӣ Тоҷикистон – 1:0

Қатар Тайланд – 7:3

Ҷопон Индонезия – 2:0

Арабистони Саудӣ Австралия - 3:1

Нимфинал

Қатар – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 0:2

Финал

Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ – 1:2

XS
SM
MD
LG