Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси якуниммоҳа рӯзи шанбеи 3-юми ноябр бо бозиҳои даври нуздаҳум идома ёфт.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар даври нуздаҳум дар меҳмонӣ тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳарду голро Шериддин Бобоев дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 10-ум ва 12-ум, ба самар расонд.
Ба “Истиқлол”, ки бо 48 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ пешсафи ягона аст, барои бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан, дар ду даври охирин як имтиёз ба даст овардан кофист. Дар даври бистум «Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 7-уми ноябр дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад.
Муддаии дигари медалҳои тилло - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозии даври нуздаҳумро дар майдони худ бо ССКА «Помир» бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод, аз ду имтиёз бенасиб монд. Зимнан, дар дақиқаи 39-ум сардовари ин бозӣ Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе ҳамлагари меҳмонон Абдухалил Бороновро барои суханҳои тавҳиномез нисбати ӯ аз майдон хориҷ кард.
Дар бозии дигари даври нуздаҳум дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар меҳмонӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Маҳмадалӣ Содиқов дар дақиқаҳои 24-ум ва 33-юм ба самар расонд.
Аз рӯи натиҷагирии даври нуздаҳум барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд. Дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, новобаста аз натиҷаҳои ду бозии боқимондааш 7-уми ноябр дар майдони худ бо “Регар-ТадАЗ” ва 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо “Хуҷанд” пешакӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дар мавриди роҳ ёфтани қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019, «Кӯктош» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 ширкат меварзад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум
«Панҷшер» – «Истиқлол» – 0:2
Голҳо: Шериддин Бобоев, 10 (0:1). Шериддин Бобоев, 12 (0:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
3-юми ноябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2000 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:2
Голҳо: Маҳмадалӣ Содиқов, 24 (0:1). Маҳмадалӣ Содиқов, 33 (0:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Маҳмадалӣ Содиқов («Хатлон»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
3-юми ноябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 700 тамошобин.
«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 0:0
Аз майдон хориҷ шуд: Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), 39 – барои таҳқири сардовар.
Беҳтарин бозигари дидор : Азимҷон Қараев (ССКА «Помир»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
3-юми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
19 |
15 |
3 |
1 |
34-15 |
48 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
19 |
13 |
4 |
2 |
37-15 |
43 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
19 |
9 |
3 |
7 |
29-27 |
30 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
19 |
6 |
4 |
9 |
23-25 |
22 |
5 |
«Хатлон» (Бохтар) |
19 |
6 |
3 |
10 |
20-24 |
21 |
6 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
19 |
4 |
8 |
7 |
20-30 |
20 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
19 |
3 |
6 |
10 |
14-26 |
15 |
8 |
«Барқчӣ» (Хисор) |
19 |
4 |
1 |
14 |
15-30 |
13 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6 тӯбӣ.
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 20-ум
7-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
«Панҷшер» – «Барқчӣ»
«Истиқлол» – ССКА «Помир»
«Хатлон» – «Хуҷанд»
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 21-ум
11-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
«Хуҷанд» – «Кӯктош»
ССКА «Помир» – «Хатлон»
шармандаги - дигар чи бигуем
Ҳар чизу ночизро баҳона мекунанд то ки пул кананд . Таҳдид мекунанд ки ба шуъба мебарем фалон миқдор ҷарима мекунем агар пора надиҳи.
Мо як президент дорем Ҷаноби Олӣ сояи ҳоктмиятатон аз сари мо тоҷикон кам нагарда. Давлати нестшударо дубора барқарор кардед. Бояд ҳар як шахчи мусулмон хизматҳои ин шахсрл фаромуш накунанд.
Мухри махфи +пушти дархои баста =Говсуд мегуянд ва ин хам дар Точикистон давлати демократии хукукбунёд !
Это просто кошмар и дикость. Международные организации направленные на защиту прав детей, как вы можете допустить такое? У ребёнка отнимают права на СВОБОДУ, ПРАВО НА СВОБОДНОЕ ПЕРЕДВИЖЕНИЕ и самое главное ПРАВО НА ОБРАЗОВАНИЕ! Ребёнка лишают видеться с родными. Это как вообще можно допустить??? Те которые приводят в пример Афганистан, Ирак, Бангладеш и Сирию, вы хоть знаете, что там отличная система образования, качество которой в сто раз лучше чем таджикская система. Материалы и содержание книг как в школьной программе так и ВУЗах по качеству и актуальности не уступают Европейским стандартам, ЕДИНСТВЕННАЯ ПРОБЛЕМА в этих странах -это ДОСТУП к образованию и ИНФРАСТРУКТУРА, а она разбитая! Благодаря непрекращающихся бомбардировок России в Сирии, например. Очнитесь! Такое ощущение, что вы никогда не покидали пределов Таджикистана. Исламисты говорите? Так посмотрите на социальный статус афганца, который перебрался в Европу, Америку или Австралию, так минимум они через пару лет занимаются средним и малым бизнесом, а в долгосрочной они выбирают технические и научные специальности по которым они одни из лучших в этих странах. Не поленитесь, посмотрите как живут афганцы в Лондоне, посмотрите на школьные книжки в Египте, они все с QR кодом с живыми уроками на ютубе. Просто потрясающая система в Саудии, Катаре, Кувейте, ОАЭ, Бахрейне и Омане. Да нам в Таджикистане как до Луны до них, вы понимаете? Ба Худо шармам меояд шарххои шуморо мехонам. Хадди акал имконатон шуд ба хорича сафар кунед, чахонбиниатонро тавасути хондани китобхои бадеъи ва тамошои барномахои хуб васеъ кунед. Когда вы смотрите на кори Сиратулла Раупова чтение, которого набирает по миллионы просмотров со всего мира и вы гордо говорите, что он Таджик из Таджикистана , так надо понимать, что такие как Кори Сиратуллах Раупов с воздуха не берутся! Это многолетний труд. Исламская система образования она ничем не уступает Европейской, просто её надо развивать в самом Таджикистане, чтобы наши дети не ездили к другим. Что мешает правительству открыть Исламские гимназии или вводить в школьную программу Исламские уроки? Ман вокеъан дар хайратам, ки ЧАРО, ЧАРО инкадар ШУМО аз худи калимаи ИСЛОМИ мехаросед??? Хохиш мекунам, шабакахои русиро тамошо накунед, унхо як миллати комилан мутафовите хастанд, ки умуман дунёро бо дигар чашм менигаранд. Тули 100 сол шудаст чабру зулми бар сари Кавкоз овардаашон магар дарс нест? Магар таърихи худамон барои по дарс нест???