Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" ба лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт


Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки ғолиби мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон гардид, ҳуқуқ пайдо намуд соли оянда дар лигаи олӣ иштирок намояд.

“Истаравшан”, ки пешакӣ бо 67 имтиёз ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт, дар даври охирин дар меҳмонӣ аз тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Зимнан, ин ягона бохти футболбозони шаҳри Истаравшан дар мавсими соли 2018 ба шумор меравад.

Ба дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо 61 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт, медалҳои нуқра супурда мешавад. Хуҷандиҳо барои ба лигаи олӣ роҳ ёфтан бо дастае, ки дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ҷойи ҳафтумро мегирад, мубориза мебаранд.

Даҳ дастаи лигаи якум бозиҳои мавқуфгузоштаро анҷом медиҳанд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ талош доранд. “Ваҳдат”, ки бо 51 имтиёз алъон дар ҷойи сеюм аст, мавсимро ба анҷом расонд. Агар «Саройкамар» дар се бозии мавқуфгузошта пирӯз шавад, соҳиби медалҳои биринҷӣ мегардад.

Мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Даври 25-ум

«Дӯстӣ» – «Шоҳин» – 8:1

«Равшан» – «Сомон» – 1:4

«Исфара» – «Душанбе-83» – 1:1

«Локомотив-Помир» – «Истаравшан» – 0:3

«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 1:3

«Саройкамар» – «Эсхата» – 1:1

Даври 26-ум

«Ваҳдат» – «Истаравшан» – 1:0

«Душанбе-83» – «Локомотив-Помир» – 1:0

«Эсхата» – «Исфара» – 2:1

«Шоҳин» – «Равшан» – 4:0

«Зарафшон» – «Ҳулбук» – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи якум:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

26

21

4

1

65-16

67

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

19

4

3

60-32

61

3

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

26

16

3

7

53-28

51

4

«Душанбе-83» (Душанбе)

25

14

5

6

57-33

47

5

«Саройкамар» (Панҷ)

23

13

4

6

43-26

43

6

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

23

12

4

7

35-23

40

7

«Исфара» (Исфара)

25

11

3

11

42-42

36

8

«Сомон» (Данғара)

25

10

4

11

60-47

34

9

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

24

8

1

15

40-59

25

10

«Равшан» (Кӯлоб)

25

6

3

16

29-64

21

11

«Ҳулбук» (Восеъ)

26

5

3

18

23-61

18

12

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

19

5

2

12

28-33

17

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

25

5

2

18

29-59

17

14

«Шоҳин» (Муъминобод)

25

4

2

19

31-72

14

Нишонзанҳо: Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон») – 26 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 24 тӯб, Соҳибҷон Ваҳҳобов («Саройкамар»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83») – 17-тӯбӣ.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG