Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба қаҳрамонии самбои ҷаҳон 12 гуштигир меравад


Федератсияи самбои Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест - баргузор мешавад, эълон кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҳамчун довар ифои вазифа менамояд, имрӯз, 2-юми ноябр, хабар дод.

Ба иттилои ӯ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров 12 варзишгар дохил аст, ки 8 нафари онҳо дар сабқати самбои варзишӣ ва 4 нафар дар самбои размӣ ширкат меварзанд: самбои варзишӣ - Ҷомии Ҳасан (-52 кг), Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Мустафо Ҳасанов (-68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-74 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадризо Қурбонзода (-100 кг), самбои размӣ - Сорбон Латифов (-62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (-68 кг), Беҳрӯз Зуҳуров (-74 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90 кг).

Паҳлавонони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ рӯзи чоршанбеи 7-уми ноябр ба Бухарест сафар мекунанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Бухарест варзишгарон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза мебаранд. Дараҷаи вазнҳо - самбои варзишӣ: мардон - 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг, занон - 48, 52, 56, 60, 64, 68, 72, 80, +80 кг, самбои размӣ - 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.

FIAS дар соли таҷлили ҷашни 80-солагии самбо маблағи ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА муқаррар кардааст. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки соли гузашта дар шаҳри Сочии Русия бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, варзишгарони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

XS
SM
MD
LG