Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ дар финали қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2018


Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ ба финали қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони то 19-сола баромаданд. Бозии ниҳоӣ миёни ин ду даста дар Индонезия рӯзи якшанбе, 4-уми ноябр, баргузор мешавад.

Дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 19-сола, ки дар Индонезия рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр доир гардид, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар тими Қатар бо ҳисоби 3:1 ва дастаи Арабистони Саудӣ бар мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, финалистони қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола пештар дар ин мусобиқа дар Индонезия бо дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақобат карда буданд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Баъдан онҳо дар чорякфинал аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, ки ширкати худро дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия дар даври чорякниҳоӣ ба анҷом расониданд, шоми 1-уми ноябр ба Тоҷикистон баргаштанд.

Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори дуюм дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кард, аз рӯи натиҷаҳои имсолааш дар Индонезия дар байни панҷ дастаи беҳтарини қора ҷойгир шуд. Пеш аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар ва Ҷопон қарор доранд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия ҳамагӣ чор бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ нахуст бар мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, баъдан бозиро бо тими Малайзия бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонданд ва дар бозии севуми худ аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб гаштанд. Дар чорякфинал бозиро ба мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 бохтанд ва аз роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бенасиб монданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия 4-уми ноябр ба поён мерасад. Дастаҳои мунтахаби Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ, ки ба нимфинали қаҳрамонии Осиё-2018 баромаданд, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) роҳхат гирифтанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони то 20-сола моҳи майи соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия

Чорякфинал

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 1:0

Қатар Тайланд – 7:3

Ҷопон Индонезия – 2:0

Арабистони Саудӣ – Австралия - 3:1

Нимфинал

Қатар – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 0:2

Финал

4-уми ноябр (якшанбе)

17:30 – Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ

Эзоҳ: замони оғози бозӣ ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG