Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи дастаҳои занонаи футболи Осиё барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аз 4-ум то 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат меварзанд.

Дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи занонаи Олимпиадаи Токио-2020 ҳамагӣ 16 даста дар чор гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “В” Эрон, Ҳонгконг ва Лубнон, ба гурӯҳи “С” Мянмар, Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш, ба гурӯҳи “D” Урдун, Индонезия, Фаластин ва Молдив дохиланд.

Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро мегиранд, инчунин ду дастаи ҷойҳои сеюми гурӯҳҳо аз рӯи натиҷаҳои хубтар (умуман 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбекистону Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи занонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели соли оянда барпо мегардад.

Мусобиқаи футболи занонаи Олимпиадаи Токио-2020
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”

Даври 1-ум

4-уми ноябр (якшанбе)

13:00. Сингапур – Филиппин
16:00. Муғулистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

6-уми ноябр (сешанбе)

13:00. Муғулистон – Сингапур
16:00. Тоҷикистон– Тайбэйи Чин

Даври 3-юм

8-уми ноябр (панҷшанбе)

13:00. Тайбэйи Чин – Муғулистон
16:00. Филиппин – Тоҷикистон

Даври 4-ум

11-уми ноябр (якшанбе)

13:00. Филиппин – Муғулистон
16:00. Сингапур – Тайбэйи Чин

Даври 5-ум

13-уми ноябр (сешанбе)

13:00. Тайбэйи Чин – Филиппин
16:00. Тоҷикистон – Сингапур

XS
SM
MD
LG