Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳо дар се даври боқимондаи лигаи олӣ


Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории се даври боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум кард.

Ба иттилои ин манбаъ, бозиҳои даври 19-ум 3-юми ноябр, бозиҳои даври 20-ум 7-уми ноябр ва бозиҳои даври 21-ум 11-уми ноябр барпо мегарданд. Санаи баргузории бозиҳои гузариш миёни дастаи ҳафтуми лигаи олӣ ва ҷоизадори нуқраи лигаи якум, ки ғолиби он ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи соли оянда дар лигаи олӣ мушарраф мешавад, дертар маълум хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, "Истиқлол"-и Душанбе баъди пирӯзӣ дар даври ҳаждаҳум бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ пешсафи ягона гардид.

Мубориза барои медалҳои тилло миёни ду дастаи пешсаф – “Истиқлол” ва “Хуҷанд”– дар се даври боқимонда пуршиддат мегардад. Дар даври нуздаҳум "Истиқлол" 3-юми ноябр дар меҳмонӣ бо “Панҷшер” ва «Хуҷанд» дар ин рӯз дар майдони худ бо ССКА “Помир” рӯбарӯ мешаванд.

Барои гирифтани медалҳои биринҷӣ дастаи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, шонси хеле хуб дорад. Ба “Кӯктош” дар ду бозии боқимондааш 7-уми ноябр дар майдони худ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо “Хуҷанд” ду имтиёз ба даст овардан кофист.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

32-15

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

13

3

2

37-15

42

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

9

3

7

29-27

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

6

4

8

23-23

22

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

18

4

7

7

20-30

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

18

5

3

10

18-24

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

18

3

6

9

14-24

15

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

19

4

1

14

15-30

13

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври 19-ум

3-юми ноябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Даври 20-ум

7-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

«Хатлон» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 21-ум

11-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Барқчӣ» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Хатлон»

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG