Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз барфи ғофилгир 2 ҳазор тонна картошка дар Масчоҳ талаф ёфт


Барфи ғофилгир ва ғайримунтазира дар ду ҳафтаи пеш ҳудуди ду ҳазор тонна картошкаи кишоварзони фақат ду деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро талаф дод. Аммо худи деҳқонон зарари меҳнати худро то чаҳор ҳазор тонна арзёбӣ мекунанд.

"Чунин сардиро дар 40 соли ахир ёд надоштем"

Маҳмадносир Авазов, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Сабағ аз Кӯҳистони Масҷоҳ, солона аз 250 гектар то як ҳазор тонна картошка мегирифт. Аммо имсол танҳо 20 дарсади маҳсулоти кишти худро ҷамъоварӣ кард ва боқимондаи ҳосилро сардӣ зад. Ӯ мегӯяд, боридани барфи аввал боис шуд то 12 сантиметр зери замин ях кунад ва тамоми картошкаро талаф диҳад. Сардие, ки ба гуфтаи Маҳмадносир Авазов, 40 соли ахир деҳқонон дар ёд надоштанд.

Тоҷикистон барои таъмини аҳолиаш бо картошка худкифо нест. Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 400 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ мешавад.

"Имсол картошкаро аз як тухмии нав кишт карда будем, ин камтар дертар пухта расид. Пеш аз ин, ки ҳаво хунук шавад, гуфтем, картошкаро ҷамъоварӣ кунем, лекин кабуд буд. Рӯзе, ки ҳаво 12 дараҷа сард шуд, ман ба ҳукумати ноҳия занг зада гуфтам, ки омада вазъро бубинанд. Аз ҳукумати ноҳия як гуруҳи корӣ омад. Онҳо низ ин сардиро ёд надоштанд, ки деҳқонон зарар дида бошанд. Фақат аз як хоҷагии мо ин қадар қартошка талаф ёфт. Инҷо деҳаҳои зиёд ҳаст, ки онҳо ҳам тамоми ҳосили худро ҷамъоварӣ накарда буданд",-афзуд Маҳмадносир Авазов.

Кишоварзон, ки беш аз дигарон аз сардиву гармӣ ва дигар тағйироти ҳаво вобаста ҳастанд, мегӯянд, ҳар мавсим ҳикмати худро дорад ва онҳо, ки аллакай заҳмати меҳнати худро аз даст додаанд, дигар аз дасташон коре намеояд.

"Ҳатто тракторҳо ҳам натавонистанд ҳосилро ҷамъоварӣ кунанд"

Ҳоҷимирзо Абдулло, раиси хоҷагии деҳқонии "Куруш" дар деҳаи Табушн мегӯяд, боридани ду барфи охир дар Кӯҳистони Масчоҳ, ки то даҳ сантиметр баландӣ дошт, тамоми ҳосили картошкаи хоҷагии ӯро талаф дод. Ба гуфтаи ин деҳқон, "вақте ҳаво якбора сард шуда, зери замин ях кард, ҳатто тракторҳо ҳам натавонистанд картошкаро ҷамъоварӣ кунад. Вақте яхи замин об шуд, аллакай тамоми картошкаро сардӣ зада буд".

Ин раҳбари хоҷагии деҳқонӣ, ки мегӯяд, солҳои қабл картошкаи ӯ ҳатто то Узбекистон ҳам содирот мешуд, акнун имсол наметавонад ҳатто хароҷоти киштро пӯшонад. Дар баробари ин ду деҳа ҳамчунин кишоварзони деҳаҳои Палдораку Мадрӯшкат, Валғунд ва Истошони ин ноҳия ҳам самараи меҳнати яксолаи худро ба даст наоварданд.

Картошкаро сардӣ зад, имкони захира кардан вуҷуд надорад

Аммо комиссияи вижаи ҳукумати ноҳия, зарари пешакии расида ба кишоварзони ин ду деҳаро бештар аз 1500 тонна ҳисоб кардааст. Тоҳир Азиззода, муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи нақша, бояд кишоварзони Кӯҳистони Масҷоҳ бештар аз 74 ҳазор тонна картошка содир мекардаанд. Аммо имсол бо сабаби сард омадани ҳаво дар фасли тирамоҳ бархе аз кишоварзон натавонистанд, заҳмати худро пурра ҷамъоварӣ кунанд.

Вай гуфт, "комиссия рафта дид, ҳисоб кард, қисме аз картошкаҳои ҷамъоварӣ шуда, дар ҳоли ҳозир барои фурӯш мешавад, аммо онро захира карда намешавад, чун аллакай сардӣ задааст. Ба фарқ аз деҳаҳои дигар, Сабағ ва Табушн дертар то 10-уми ноябр картошкаро ҷамъворӣ мекарданд. Аз сабаби сард омадани ҳаво дар моҳи октябр, онҳо натавонистанд, ки саривақт тамоми картошкаро ҷамъворӣ кунанд".

Вале худи деҳқонон мегӯянд, аз ҳосили ҷамъовардаашон чандон фоидаи зиёд ба даст намеоранд ва инро талаёфта арзёбӣ мекунанд. Чун ба гуфтаи онҳо, баъди зери барф мондан, онҳо наметавонанд картошкаро захира кунанд, то дар фаслҳои баъдӣ бо нархи дилхоҳашон ба бозор бароранд ва маҷбуранд ҳоло ҳамаашро бо нархи арзон фурӯшанд.

Бозор дар рӯбарӯи камбуди картошка

Иқтисоддонҳо мегӯянд, талафи маҳсулоти деҳқонон метавонад бозорҳоро ба камбуди маҳсулот рубарӯ кунад. Акбар Каримов, иқтисодшиноси тоҷик бо нигаронӣ аз набуди сардхонаҳо интиқод кард, ки мунҷар ба вайрон шудани дастранҷи кишоварзон мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо бо ишора ба болоравии нархи картошка дар тобистони соли гузашта, ки ҳатто вазири кишоварзӣ аз мақомаш барканор шуда буд, гуфт, талабот ҳамасола вобаста ба афзоиши аҳолӣ зиёд мешавад ва вақте истеҳсолот аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла талаф ёфтани он кам мешавад, дар бозор камбудии маҳсулот пайдо хоҳад шуд.

"Бозор ҳамин тавр аст, вақте маҳсулот кам ворид мешавад, албтта нарх табиӣ боло меравад. Дар ин ҳолат зарбаи аввал ба худи мардум, ки ниёзманди маҳсулот аст, зада мешавад".

Картошка -- хӯроки аслии хонаводаҳо дар Тоҷикистон

Аксари оилаҳои Тоҷикистон, ки серфарзанд буда, даромади зиёд надоранд, бештар аз ду маҳсулот - нону картошка истифода мебаранд. Картошка дар баробари нон хӯроки аслии хонаводаҳои тоҷик мебошад, ки 30 дарсадашон зери хати фақр ба сар бурда, рӯзона то 2 доллар масраф мекунанд. Ҳоло нархи як килограм картошка дар бозорҳо се сомонӣ ё ба 33 сент баробар аст.

Картошкаро дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Суғд ва минтақаи Рашт парвариш мекунанд. Аммо як масъули бахши кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди сард омадани ҳаво ва боридани барф дар ҳафтаҳои пеш картошкапарварон чандон зарари зиёд надидаанд. "Ҳар касе, ки картошкаро чинда буду аммо ҳоло ба бозор набурда буд, талаф шуд, ин чандон зиёд нест, шояд як ё ду тонна бошад, аз ин зиед набуд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо дар идораи кишоварзии Лахш.

Тоҷикистон барои таъмини аҳолиаш бо картошка худкифо нест. Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 400 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ мешавад, вале талаботи аҳолӣ ба ин навъи маҳсулот аз 600 ҳазор тонна бештар аст.

Бинобар ин Покистон ягона кишварест, ки талаботи сокинони Тоҷикистонро аз хориҷ бо маҳсулоти картошка таъмин мекунад. Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 32 ҳазору 226 гектар картошка кишт шуда то ин замон ҳудуди 292 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Соли гузашта дар кишвар 487 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG